Тамоюли равандҳои мутамаддини ҷаҳони муосир, бахусус доман паҳн намудани терроризм ва экстремизм аҳли башарро нигарон намуда, дар пайи татбиқи ҳадафҳои ғаразнок ва ҷоҳилонаи ин падидаҳои номатлуб ҳамасола инсонҳои зиёди бегуноҳ ва гумроҳгардида қурбон гардида, андуҳи гаронеро болои аҳли башарият бор менамояд.

Табиист, ки инсоният барои омилҳои муҳими ҳаётӣ, аз ҷумла озодӣ, оромӣ, осоиштагӣ, ваҳдату дӯстӣ, садоқату ягонагӣ, тараққиёт ва саодату хушбахтӣ талош намуда, дар атрофи чунин рукнҳои асосии саодати зиндагӣ мисли ангуштони як даст ба ҳам нерӯи шикастнопазир мебахшанд. Дар ин радиф набояд фаромӯш кард, ки на ҳама инсон чунин арзишҳои калидии зиндагиро дарк менамоянду барои пойдорӣ ва ҳифзи онҳо адолатмандона мубориза мебаранд. Дар таърихи инсоният, инсонҳои ҷоҳил ва гумроҳе ҳастанд, ки ҳамаи рукнҳои ҳаётбахш ва пайвандсозӣ саодати зиндагиро истисно намуда, ба ақидаҳои пуч ва беасос моил гардида, ҳаёти худ, аҳли пайвандон ва саҳифаи таърихи худро доғдор менамоянд.  Пас бояд қайд намуд, ки танҳо инсонҳое ба кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ даст мезананд, ки аз воқеияти инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва таърихӣ фарсахо дур монда, бо нотавонбинии худ арзишҳои миллӣ ва давлатиро зери қадамҳои нопок ва ноустувори хеш қарор медиҳанд.

Терроризм ва экстремизм аз зумраи чунин хатарҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, ки имрӯзҳо барои амали намудани тарҳҳои сиёҳу беасос ва ғаразноки шахсиву гурӯҳии худ нисбати адолату оромӣ ва ободиву созандагӣ муборизаи ғайриодилона бурда истодаанд. Чашмандозии онҳо дар рӯ ба рӯи муҳити орому осуда ва равандҳои таҳкимбахшӣ фарҳанги давлатдории халқияту миллатҳои сайёра ҳеҷ як шахси ватандӯстро бетараф гузошта наметавонад.

Чун сухан дар бобати бетарафи рафт, мехоҳам дар ин ҷо чанде аз андешаҳои худро дар робита ба ин мавзуъ баён намоям. Гурӯҳҳои манфиатҷуву ифротгароӣ  замоне, ки нисбати давлату миллат ва фарҳангу таърих ин ё он миллат таҳқир мекунанд ва пешрафтҳои бесобиқаи онро нодида мегиранд, набояд ворисони давлату миллат дар ҷабҳаи ватандӯстонаи худ ором бошанд. Оромӣ дар ин арсаи рақобати мафкуравӣ, ки зери уновни бетарафӣ зуҳур меёбад, фарҳанги ватандӯстӣ ва эҳтиром ба давлату арзишҳои волои давлатдориро зери суол қарор медиҳад. Ба андешаи камина бефарқ будан дар ин самт, бетарфи дар тақдири ояндаи худ ва сарнавишити давлат ва миллати худ буда, насли оянда чунин рафтори ношоистаро ба таассуфи зиёд интиқод  менамояд.

Пас бояд ҳамеша фаъолону зиёиён беасос будани андешаҳои равияҳои ифротгарёнро бар асоси асндҳои раднашаванда ва воқеӣ дар шакли вокуниш собит намоянд ва ҷомеаро дар руҳияи бедории миллӣ раҳнамоӣ созанд. Ҳамзамон, бояд амале рӯи даст гирифта шавад, ки барои наслҳи баъди дарси олии давлатдорӣ ва ватандорӣ эътироф карда шавад.

Қобили қайд аст, ки корвони давлатдории мо ба сӯе ҳаракат намуда истодааст, ки дар пешорӯи он дар ҳар қадам ормонҳои беназири миллат ҳамчун омили муҳими таҳкими аркони давлатдорӣ нуҳуфта буда, барои саодати миллат доираҳои васеъи зиндагиву давлатдориро фароҳам оварда истодааст.

Таҳаввулотҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ  ва инқилобҳои бузурги худшиносиву худогоҳи дар тафаккури миллати тоҷик шаҳодати он аст, ки мо дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардида, дар шинохти фарҳанги қадимаи ватандорӣ дар маснади олӣ қарор гирифтаем.

Мутаасифона имрӯзҳо баъзе хоинони давлату миллат пешрафту оромии  раванди давлатдории навини миллати тоҷикро бо чашми нобино ва ақли гумроҳшуда дар мизони хираду адолат нодуруст санҷида, баҳои ғайриодилонаи таърихӣ медиҳанд. Табиист, ки чунин инсонҳо аслан виҷдону имон надоранд ва ақли расову донишу малака ва ҳисси миллие, ки дар ҳаёт баҳо надорад ва фурухтанашаванда аст, бо пул фурухта мешавад ва дар ҳаққи давлату миллати худ, суханҳои таҳқиромезро раво мебинанд.

Хулосаи мантиқи нисбати ин зумра инсонҳо чунин аст: Доираи ташаккулёбии онҳо муҳити носозгор буда, омили асосии шомил гардидани онҳо ба чунин роҳи бемақсад ва ҷоҳилӣ аз иродаи заиф ва мавқеи ноустувори онҳо сарчашма мегирад. Инсонҳои гумроҳ замоне, ки вориди чунин равияҳои тундгароӣ мегарданд, аз ҳисси ватандориву ватандӯстӣ комилан дур мемонанд ва қудрати зеҳниву ҷисмонии онҳо ҳамчун восита барои расидан ба мақсадҳои нопоки манфиатҳои гурӯҳи суиистифода мегарданд. Поёни роҳи онҳо танҳо тариқи даҳшатафканӣ марг аст. Яъне дар сарнавишти ҳаёти худ на ҳамчун қаҳрамонӣ ҳақиқӣ, балки танҳо як шахси золим ва ҷоҳил боқӣ мемонанд.

Вобаста ба ин, имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба ҳар васила барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ ва тақвият додани қудрати сиёсӣ  тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои фитнаангези худро таблиғ намуда, фазои таъсиргузории худро васеъ намуда истодаанд.

Ба андешаи мо, дар ин росто бояд ҷавонон механизми дурусти тарбия ва ташаккули сатҳи шуурнокии сиёсиро пайгирӣ намуда, дурнамои инкишофи маънавию фарҳангии худро дақиқ бозбинӣ намуда, аз унсурҳои бегона ва иғвоангез худдорӣ намоянд. Маҳз ҳамин сатҳи биниши дурбинона ва хирадмандона барои роҳёбии равияҳои тундрав имконият намедиҳад, баръакс дар густариши тафаккури ҷавонон бо маҷмӯи ғояҳои инсондӯстона ва ватандӯстона таъсири амиқ мегузорад. Илова бар ин, бояд ба вазъи ҷомеа воқеъбинона баҳо дода шавад. Инсонҳое, ки дар пасманзари ҳадафҳои нопоки худ ба сиёсати давлатдорӣ баҳои ғайриодилона медиҳанд, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили ситоиш  набуда, баръакс бояд барои паст намудани садои онҳо шахсони ватандӯст назарҳои санҷида ва асоснокро матраҳ созанд.

Аз нигоҳи дигар, дар ҷаҳони пуртазоди муосир ташаккулёбии сифатҳои идоракунии фикрӣ ва мафкуравӣ дар ниҳоди шахсият беш аз пеш аҳамияти хоса касб намуда истодааст, зеро таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки асоси фирефтагардии ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротгароӣ, яке аз сарчашмаҳои асосии он беандешагӣ ва дарк карда натавонистани воқеияти равандҳои сиёсии ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз, бояд ҷавонон худогоҳ ва худшинос бошанд. Яъне бидонанд, ки рисолати инсонӣ, шаҳрвандӣ ва ватандории онҳо дар назди давалату миллат аз чи иборат аст. Барои шинохти ин арзишҳои ватандӯстӣ ва давлатдорӣ месазад, ки ҳар як насли имрӯза сайри таърихи сиёсии гузаштаи миллати худ намуда, таҷрибаи нодиреро дар масири дастёбӣ ба дастовардҳо ва хизмат ба ватан касб намояд.

Арзишҳои ватандӯстӣ ва ватандорӣ дорои чунин хусусияте мебошанд, ки мавқеи шахсиятро дар ҷомеа устувор менамоянд, дар ниҳоди инсон ҳиси миллиро бедор намуда, барои таҳвили ғояҳои олии ватандорӣ заминаи мусоид фароҳам месозад. Вақте, ки фазои мафкуравии шахс бо чунин ғояҳои олӣ такмил меёбад, роҳёбии андешаҳои нопокро ғайриимкон мегардонад.

Сиёсати кунунии давлатдории мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихори миллӣ арзёбӣ гардида, махсусан барои тарбияи насли ояндаи миллат ва давлат имкониятҳои бузург муҳайё карда шудааст.

Бо умеди ободоӣ, озодӣ, оромӣ, саодатмандӣ ва тараннуми истиқлол бояд ба ғамхориву таваҷҷуҳи имрӯзаи давлат ва ҳукумат сазовор бошем ва дар эъмори давлатдорӣ садоқатмандона хизмат намоем.

Мудири бахши умуми назорат ва

муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия Боқизода Ф.