31 Май 2021
Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 05.04.2021 таҳти √36 ҷиҳати дар сатҳи шоиста ҷашн гирифтани 110-солагии қаҳрамони Тоҷикистон, шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии "Омӯзгор" маҳфили адабӣ таҳти унвони "Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ" доир гардид. Дар маҳфил Шарифзода Туйғун Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Муллоев Назирҷон намояндаи МИҲД-и ноҳия, аъзоёни фаъолони ҳизб, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Иштирокчиёни маҳфил оид ба ҳаёту фаъолият, порчаҳо аз достонҳо, қироати шеър аз ашъори Устод ва дигар маълумотҳо доир ба зиндагиномаи шоири маҳбуб ба самъи ҳозирин расониданд. Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун баромад намуда, таъкид дошт ки донистани зиндагӣ ва фаъолияти Мирзо Турсунзода барои ҳар як мардуми шарифи Точикистон ин вазифаи фарзандӣ аст. Шоири миллатро тамоми мардуми дунё ҳамчун вассофи сулҳ хуб мешиносад ва асарҳояш бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудааст. Қайд гардид, ки ҳар як ҷавони ватандӯсту хештаншинос бояд пайрави шоистаии аҷдодони хеш буда, дар корҳои ободониву созандагӣ ҳиссагузор бошанд. Дар ҷамъбасти маҳфил як чанд нафар донишҷӯён ба сафи аъзогии ҲХДТ қабул гашта, амалиёти "Шаҳодатномаи ман-ифтихори ман" бо иштироки онҳо баргузор гардид. Ҳамчунин ба иштирокчиёни фаъоли маҳфил Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод супорида шуд.
КИ ҲХДТ дар н. Зафаробод