Ҳамдиёрони  азиз!

Ифтихор аз он мекунем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои сулҳу оромӣ бо Шумо 76-солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро истиқбол мегирем.

Башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.

Ҳазорон нафар ҷанговарони фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида,  қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Дар оташи ҷанг беш аз 27 миллион одамони шӯравӣ, аз ҷумла 90-ҳазор сарбозони тоҷикистонӣ ҷони хешро аз тан додаанд.

Неруи тавоноии мардум руҳи шикастнопазирии душманро шикаст дода, санаи 8 майи соли 1945 Олмони Фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт ва рӯзи 9 май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид.

Иди Ғалабаро ҷашни шодию хурсандӣ ва ҳам санаи ёдбуди хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ меноманд. Ҳамчунин рӯзи ёдбуди онҳое, ки дар роҳи пирӯзии некӣ бар бадӣ ҷони азизи худро нисор кардаанд. Мо имрӯз дар назди хотираи тамоми қурбониёни ҷанги зидди фашизми гитлерӣ ва онҳое, ки дар роҳи ҳимояи Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Ёдашон ба хайр ва рӯҳашон шод бод!

Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳо мебошад ва ин рӯзро дар қатори мардуми сайёра, мо мардуми Тоҷикистон низ азизу гиромӣ медорем.

 

Дар ин самт кӯшиш ва ғамхориҳои беназир ва пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ моро ба он ҳидоят менамояд, ки дар ҳаққи онҳо  ғамхор ва хизматгузор бошем.

Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадру қиммати Истиқлолу Ваҳдат, суҳлу оромии сартосарии Тоҷикистон ва ба қадри ин зиндагии тинҷу ором бирасем. Баҳри рушду шукуфоии Ватани азизамон танҳо  моро зарур аст, ки масъулияти баланд, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва меҳнати суботкоронаро ба роҳ монем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд ҳам  кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ғамхориро нисбати оилаҳои иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони  меҳнат, онҳое, ки дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд, аввалин фотеҳони Мирзочӯли  тоҷик  дар мадди аввал қарор бидиҳад.

Бо ҳамин ниятҳои нек шумо ҳозирини арҷманд  ва дар шахси шумо  тамоми мардуми  шарифи ноҳияро ба ифтихори 76-солагии Ғалабаи Бузург  табрик гуфта, бароятон  саломатӣ, умри дарози бобаракат ва сулҳу оромии ҳамешагиро орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!