Ҳамдиёрони гиромӣ!

Имрӯз мардуми кишвари азизамон ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаанд. Ин санаи муборак дар таърихи навини миллати тоҷик ҳамчун тавлиди давлат ва миллати тоҷик сабт гардидааст.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш Шумо ҳамдиёрони азизро бо хушҳоливу сарфарозӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истиқболи сазовори ҷашни маҳбуби миллат, 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу осоиш, фатҳу нусрат, иқболи баланд ва барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Мавриди зикр аст, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарди сулҳҷӯю сулҳпарвар, ватандӯсту халқпарвар, эҳёгари таъриху тамаддуни миллати тоҷик, сиёсатмадори варзида ва пушту паноҳи мардуми тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бахтофари миллат-Истиқлолияти давлатӣ ба даст омада, таъриху тамаддуни бою рангини мардуми тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид ва баҳри расидан ба ҳадафҳои неку созанда заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар зарфи 29 - сол мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо назардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем. Ба шарофати Истиқлолият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид.

Ҳамаи ин пирӯзию дастовардҳои наҷиб, роҳҳои равону мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, нақбҳо, Нерӯгоҳҳои барқӣ, пулу иншоотҳои азими саноатию иҷтимоӣ таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва халқи гавҳаршиноси тоҷик меҳри ин фарди қаҳрамонро дар дилу дидаи худ ҷой дод ва дар атрофи давлату ҳукумати қонунӣ сарҷамъ шуда, баҳри ободонии диёр кору фаъолият доранд.

Маврди зикр аст, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, имрӯз кишвари азизи мо аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид буда, бо чандин кишварҳо, ки дар ин ё он арса аҳд ва манофеи муштарак доранд, ҳамкорӣ менамояд.

Бояд қайд намуд, ки Истиқлолият чун ҳадяи бебаҳои таърих, неъмати бузург ва дастоварди беназир ба халки тоҷик буда, таҷлили он ҳамчун тантанаи давлатдории миллӣ ва санаи мубораки таърихиву сиёсӣ мебошад. Истиқлолияти давлатӣ, дар эъмори давлати тозабунёди тоҷикон ва роҳи рушди устувор дар ҷодаи зиндагии озоду осудаи мардум мусоидат намуд. Давра ба давра расидан ба ҳадафҳои созанда аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушду шукуфоии кишвар ҳаммаром гардид.

Доир ба сазовор ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо дар ҳаҷми 390 банд ба маблағи 101 милиону 460 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 929 ҷойи корӣ тасдиқ карда шудааст. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ин санаи фархунда оғоз гардида, бо маром идома дорад. То ба имрӯз аз 390 банди нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида 283 банд ба маблағи 50 милиону 33 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 546 ҷойи корӣ иҷро гардид, ки 72,5 фоизи нақшаи тасдиқгардидаро дар бар мегирад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Зафаробод диёри родмардон, афроди бонангу номус, ватандӯсту сарбаландон аст. Корномаи пуршарафи фотеҳони Мирзочӯли тоҷик, махсусан наслҳои калонсол, ки бо қаҳрамонию матонат, азму субот чунин як макони ободу дилраборо бунёд намудаанд, дар саҳифаҳои таърихи кишвар абадӣ боқӣ мемонад».

Дар ин лаҳзаҳои тантанавӣ ман аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли сокинони ноҳия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорону саховатмандон ҷиҳати маблағгузорӣ дар раванди ободкориву созандагии ноҳия саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Бо ибрози волотарин арзишҳои ин неъмати бебаҳои таърих - Истиқлолияти давлатӣ, ки роҳи дурахшони миллати тамаддунофари тоҷикро боз намуд, Шумо ҳамдиёрони азиз ва кулли сокинони ноҳияро самимона табрику муборакбод намуда сиҳатмандиву сарбаландӣ, файзу нусрати зиндагиро дар хонадони ҳар яки шумо таманно менамоям.

Бигзор нури хуршеди Истиқлол фазои муссафои Тоҷикистонро абадан мунаввар сохта, ҷавҳари тобноки он рузгори ҳар сокини кишварро файзбор намояд.

Поянда бод сулҳу ваҳдат ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва нерӯи созандаи халқи тоҷик!

Ҷашни фархундаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!