Санаи 4-уми сентябри соли 2020 тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод Конфронсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони истиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муллоев Назирҷон суханронӣ намуда кори конфронсро оғоз намуд. Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҳимзода Муҳаммад дар мавзӯи “Мо ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” суханронӣ намуд. Инчунин мудири
шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зулфиқорзода Заррина ва роҳбари маҳфили адибони ҷавони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Муродова Сабоҳат суханронӣ намуданд.

Инчунин қайд карда шуд, ки бо истифода аз дастуру супоришҳо мо ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза барем. Мо ҷавонони созанда, ки нерӯи мудофиавии кишвар ҳисобида мешавем, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллатамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош варзем.

Мо ҷавонон аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намуда, марзу буми онро ҳимоя намуда дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонем.

Мо ҷавонон пайрави Пешвои муаззами миллатем!