Санаи 3-юми сентябри соли 2020 дар асоси Низомнома ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи ноҳиявӣ ва марҳилаи якуми муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии МТМУ №20-и ноҳия мусобиқаи намуди варзишии Шоҳмот байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва бонувон гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муллоев Назирҷон, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зулфиқорзода Заррина,мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҳимзода Муҳаммад, директори мактаби варзишии ноҳия, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳонов Худойбердӣ ва мураббии шоистаи Тоҷикистон Сафаров Азиз ва дигар масъулини соҳа иштирок намуда, мусобиқаро оғоз намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои наврасону ҷавонони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамагӣ 72 нафар варзишгарон иштирок дошта, маҳорати худро дар ин намуди варзиш муаррифӣ намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо риояи меъёрҳои муқарраргардида баргузор гардида, аз тарафи аъзои ҳакамон ғолибони мусобиқаи ноҳиявӣ муайян карда шуданд:

Ҷойи якум- дастаи муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия;

Ҷойи дуюм-дастаи МТМУ №1;

Ҷойи сеюм-дастаи МТМУ №13;

Дар охири чорабинии мазкур варзишгарони ғолиб ва мутасаддиёни соҳаро аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бо Диплом, Сипоснома ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.