Дар давраи оғози соли нави хониш омӯзгори собиқадор Бердиев Раҳимбердӣ аз муассисаи таҳсилоти умумии рақами 16-деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Зафаробод аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ҳизбиёни ноҳияи Зафаробод аёдат карда шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Бердиев Раҳимбердӣ собиқаи кории 55- сола дошта, тайи ин солҳо ба тарбияи пурмаҳсули насли наврас машғул гардидааст. Баъди нафақа низ ба парвариши замбури асал шуғл варзида, дар таъмини рузгор саҳм мегузорад. Устод аз касби интихобкарда ва собиқаи кории худ сарфароз ва ифтихорманд мебошад.

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод