Бо мақсади таъмини сокинон бо маводи озуқаворӣ, омодагиҳо ба мавсими зимистон, ҳамчунин татбиқи дастури Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар самти истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин сокинони ноҳияи Зафаробод заминҳои наздиҳавлигиро мақсаднок истифода мебаранд. Сокини деҳаи Бахт, аъзои ҲХДТ Ҷобиров Аҳадқул иқдоми арзанда нишон дода, замини наздиҳавлигиашро ба таври ибратбахш кишту кор намудааст. Маҳсулоти кишткардаи ӯ ниёзи рузгорро таъмин намуда, ба бозор низ ирсол мегардад. Ҳамчунин аз маҳсулоти наздиҳавлигӣ барои зимистонгузаронӣ низ захира мешавад.

Дар тарғиби фарҳанги заминдорӣ саҳми раиси маҳалла, узви фаъоли ҲХДТ Амонов Отабек ва дигар фаъолони деҳа назаррас мебошад.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутриба Бобоҷонова ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Туйғун Шарифзода ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Назирҷон Муллоев аз маҳорати заминистифодабарии оилаи Ҷобировҳо шинос гардида, ин амалро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод