Санаи 9 майи соли 2018 дар назди муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Зафаробод таҷлили 73-солагии Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд. Дар рафти чорабинии мазкур табрикоти раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ва ҳамчунин  табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят Зафарбек Давлатзода ба самъи собиқадорон ва сокинони ноҳия расонида шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба  73-солагии Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ омода карда шуда, дар доираи ҳафтаи «Поси хотир» ёдгориҳои шаҳидони ҷанг таъмиру тармим гардида, аз ҳисоби афсарону хонандагони мактабҳо дар назди муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  посбонҳои фахрӣ ташкил карда шуд.
Санаи 9 май дар назди муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и деҳаи Логини Ҷамоати шаҳраки Зафаробод  дар доираи «Ҳафтаи поси хотир» чорабинӣ гузаронида шуд.
Инчунин ба ифтихори ҷашни мазкур ба шахсони дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият кардаанд, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд 1200 сомонӣ ба 11 нафар кӯмакпулии яквақта аз тарафи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зафарбек Давлатзода супорида шуд.            
Таҷлили 73-солагии Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  дар ноҳияи Зафаробод бо омодагии ҳаматарафа ва дар сатҳи баланд баргузор гардид .