«Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон бошем. Дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин дастгири якдигар гардида, дар он ҳолат метавонем ҳар гуна бемориҳои сироятиро бартараф намоем».

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯзҳо дар аксари кишварҳои олам бемории сироятии коронавирус COVID-19 доман паҳн намуда, мардуми сайёра аз ин беморӣ ба таҳлуқаву тарс анфотаанд. Бояд қайд, кард, ки дар гузашта инсоният ба якчанд офатҳову балоҳо дучор гардида, бо таҳаммулпазирӣ, кордонӣ, сарчамъиву якдилии худ паси сар намудааст. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки тибқи маълумотҳои табибон ин беморӣ низ аз оилаҳои бемориҳои сироятӣ аз қабили зуком, язваи сибир, зукоми паранда буда инсоният метавонад онро бо риояи тозагии шахсӣ ва риоя ба тавсияҳои дурусти пешгирӣ онро пасисар намояд.

Яъне имрӯз аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки пеш аз ҳама ба саломатии худ бетараф набуда кушиш намоем, ки бо иҷрои қоидаҳои тарзи ҳаёти солим табиби саломатии хуб гардем. Зеро бузурге фармудааст: «Ҳар як инсон табиби саломатии хуб буда метавонад саломатии худро пеш аз ҳама аз ҳар гуна бемориҳо ҳифз намояд».

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони манфиатпарасту хоинони миллат овозаву садоҳои бардуруғ паҳн гардидааст, ки гуё вабои аср бошаду тамоми инсониятро аз байн мебурда бошад. Бояд қайд намоям, ки ин тоифа инсонҳо худ ғумоли дигарон буда аз баҳри пулу молу сарвар, ки хаёти хешро бе бойгари тасаввур намекунанд ва инсонгариву накукориро фаромуш кардаанд чунин амалҳои зиштро сармашқи кори худ кардаанд.

Аз ин лиҳоз аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки бо ташаббускориву сарварӣ, муттаҳидиву сарҷамъӣ, ғамхоруиву меҳрубонӣ метавонем ба ин тоифа инсонҳо мубориза барем ва танҳо дар ин вақт метавонем ҳар гуна душвориву вазниниро паси сар намоем. Зеро асосгузори илми тиб, падари тибби ҷаҳонӣ А.И.Сино дар китоби бузурги илми тибби хуб қайд намудааст, ки:

«Воҳима худаш ними касали аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ, сабр бошад саршавии шифо аст».

Ҳамдиёрони азиз ман аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҳеҷ гоҳ ба тарсу ваҳм, воҳимаву таҳлуқа наафтода кушиш намоед, к ибо риояи тавсияҳои дода духтурон дар хона байни хонаводаи худ шуда хуш ва алҳи оилаатонро аз ин бемории сироятӣ ҳифз намоед. Зеро Шумо ба давлату Ҳукумати кишвар азизу меҳрубонед ва мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо Сарварии Пешвои муаззами миллат ин бемориро низ паси сар менамоем.

Боймуродов Фирдавс - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа