Санаи 30 ноябри соли 2018 дар толори қасри фарҳанги ноҳиявии «Зафар» раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ва Сардори шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Зафаробод Сафаров Фирӯз Шарифович дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мутахассисони ҷамоатҳо, раисони АИО-ҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, сарварони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии ноҳия, донишҷӯёни литсейҳои касбӣ-техникӣ ва коллеҷҳо, аминони маҳаллаҳо, сархатибони масҷидҳои ҷомеъ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва фаъолони ноҳия бо иштирок намуданд.

Пеш аз маҷлис филми мустанади «Бозгашт аз Сурия» пешкаши тамошобинон гардид.

Маҷлиси вохӯриро раиси ноҳия Ашурзода Р.Р. ифтитоҳ намуда, иброз доштанд-мавзӯе, ки имрӯз мо мавриди назар ва андешаронӣ қарор медиҳем аз масъалае маҳсуб меёбад, ки ҳар як аъзои ҷамъиятро бетараф гузошта наметавонад. Дар фазои сулҳу суботи ҷаҳони муосир абрҳои тирае пайдо гашта, ки ҳаёти пурнишот ва зиндагии бомароми мардуми сайёраро халалдор менамояд. Чӣ тавре, ки дар навори мустанади «Бозгашт аз Сурия»-ро тамошо кардед, ин зани тоҷик бо роҳи фиреб бо шавҳарашу 4 нафар фарзанди ноболиғаш ба давлати бегона рафта, пас аз гум шудани шавҳараш ба чӣ мусибатҳо рӯ ба рӯ шуд.

Имрӯз дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотии шуъбаи дар ноҳия будаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ 5 нафар шаҳрвандони ноҳия, Ҳамдамова Гулнора Рӯзиқуловна, Ҳамдамова Шаҳрбону Бахтиёровна, Ҳамдамова Муслима Бахтиёровна, Ҳамдамова Муниса Бахтиёровна ва Ҳамдамова Омина Бахтиёровнаро, ки дар кишвари Сурия қарор доштанд ба Ватан баргардонидаанд.

Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд подполковник Сафаров Фирӯз Шарифович баромад намуда, қайд намуд, ки мақсади асосии вохӯрии имрӯзаи мо пеш аз ҳама пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳаргуна ҳаракатҳои террористию экстемистии динӣ, хусусан шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилоти байналмилалии террористии Давлати Исломии Шому Ироқ мебошад. То санаи 16 ноябри соли равон як шаҳрванди ноҳия Ҳамдамова Гулнора Рӯзиқуловна дар кишвари Сурия бо 4 фарзандаш қарор дошт ва чӣ гуна азобҳоро дар сар гузаронид, дар навори «Бозгашт аз Сурия» тамошо кардед. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки фарзандони моро бо фиребу найранг ба давлатҳои Ироқу Шом бурда, ба ҷиҳод тайёр менамоянд. Дар ин навор чи хеле, ки дидед модари тоҷик пас аз гум шудани шавҳараш бо ҳамроҳии 4 нафар фарзандаш чӣ азобҳо кашид. Мо бо ҳамроҳии оилаи Ҳамдамова Гулнора 4 моҳ дар ноҳия корбарӣ намуда, барои бозгардондан ба Ватан тағояш Бобоёров Қузиқулро ба кишвари Туркия фиристодем.

Бобоёров Қузиқул ба сухан баромада, оид ба корҳои кардааш дар ин мавзӯъ сухан намуд. Бобоёров Қузиқул 1 моҳ дар кишвари Туркия бо кормандони шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Зафаробод дар алоқа буд. Вақти гузаштан дар сарҳади байни кишварҳои Сурия ва Туркия Ҳамдамова Гулнора бо 4 нафар фарзандаш ба дасти афсарони Туркия меафтанд ва 10 шабонарӯз то омода шудани ҳуҷҷатҳо дар он ҷой мемонанд. Кормандони шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳуҷҷатҳоро омода намуда, ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия мефиристанд. Бобоёров Қузиқул ҳуҷҷатҳоро қабул карда, Ҳамдамова Гулнора ва 4 нафар фарзандашро аз Туркия гирифта ба Тоҷикистон баргармегардад. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе сардори шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Зафаробод Сафаров Фирӯз Шарифович онҳоро қабул карда ба ноҳияи Зафаробод меорад.

Бобоёрова Саноат оид ба бар гардонидани фарзандаш Ҳамдамова Гулнора ва 4 нафар наберааш ба Президенти кишвар Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба кормандони шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Зафаробод арзи миннатдорӣ баён намуд.

Ҳамдамова Гулнора ба сухан баромада ба мардум барои баргардонидани ӯ ва 4 нафар фарзандаш ба шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Зафаробод миннатдорӣ намуда, ва ба халқ муроҷиат намуд, ки ӯ барин барои фирефтаи гурӯҳҳои тундрав нашудан ва дар шаҳри бегона сарсону саргардон нашудан, фарзандонашонро эҳтиёт кунанд.

Сардори шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Зафаробод Сафаров Ф.Ш. ибрози андеша намуд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастгири кардан оид ба таҳсил фаро гирифтани 4 нафар ноболиғ, ки ба Ватан баргаштанд, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ҷойгир намуда, онҳоро бо китобҳои дарсӣ таъмин намоянд.

Инчунин хотиррасон намуд, ки аз ҳудуди ноҳияи Зафаробод дар муқовиматҳои давлатҳои Сурия ва Ироқ 23 нафар иштирок доранд. Оилаи Турабековҳо 5 нафар, Маматқуловҳо 4 нафар, Қаюмовҳо -2 нафар, Турдиевҳо 2 нафар бо фарзандонаш, Буроновҳо 2 нафар бо фарзандонаш, оилаи Болтаевҳо 1 нафар бо фарзандаш иштирок доранд.

Дар охир рафтору кирдор, роҳҳои шомилшавии оилаҳои Турабековҳо, Маматқуловҳо, Қаюмовҳо, Турдиевҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-динӣ дар толор муҳокима карда шуд.

Истиқоматкунандаи маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Меҳнатобод Турабеков Ҳамза баромад намуда, аз рафтори ношоистаи фарзандон ва ҳамсараш изҳори таассуф намуд.

Аз тарафи сардори шуъбаи амният инчунин оиди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба раисони 5 ҷамоатҳоии шаҳраку деҳот оид ба тарғибу ташвиқи мубориза алайҳи эктремизм, терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстемистӣ-динӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Маҷлиси вохӯриро раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ҷамъбаст карда, таъкид намуданд, ки тавре баромадкунандагон зикр намуданд, кишвари азизи мо имрӯз баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкорона ба пеш меравад. Тоҷикистон рушд намуда, мардум ба зиндагии шоиста сазовор мешаванд. Ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат давра ба давра татбиқ мегарданд. Дар баробари ин вобаста ба вазъи номусоиди ҷаҳон зиракии сиёсӣ, ҳуввияти миллиро баланд бардоштан, шукри Истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри субботу оромӣ кардан ба ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеи мо дониста мешавад.

Сокинони Тоҷикистони биҳиштосо, аз ҷумла мо мардуми ноҳияи Зафаробод, ки зери офтоби Ваҳдату Истиқлолият кору зиндагии хешро бунёдкорона пеш мебарем, наметавонем дар пешгирӣ ва бартараф намудани падидаҳои хатарноки ҷомеа бетараф бошем. Як хатар ва падидаи нангине, ки дар аксари мамолики дунё доман паҳн кардааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимии мавзӯъ дар мавриди хатарҳои глобалӣ ин зуҳуроти нангинро «хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир» хондаву паёмадҳои нохуши онро «на камтар аз силоҳи ядрои арзёбӣ кардаанд». Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ бобати пешгирӣ ва бартараф намудани падидаҳои номатлубу хатарзо, ҷинояткорӣ, бегонапарастӣ, гаравидан ба созмону ҳаракатҳои тундрав алалхусус ифротгароӣ нақшаю чорабиниҳо мураттаб намуда, татбиқи онро ҳадафи хеш донистааст.

Аз фурсат истифода намуда таъкид менамоям, ки сохторҳои дахлдор, хизматчиёни давлатӣ, масъулони самти идеологӣ, кормандони соҳаи маориф, ҷавонон, занон умуман аҳли ҷомеа корҳои тарғиботиро дар ин самт бештар ба роҳ монанд. Зеро вазифаи муҳими мо ҳифзи Истиқлолу Ваҳдат, суботи сиёсӣ ва ҳаёти тинҷу ороми мардум мебошад.