Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии ноҳия конфронсияи илмӣ-амалиро бахшида ба 16 рӯзи алайҳи хушунат дар мавзӯи «Роҳҳои амалигардонии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» баргузор гардид.

Дар корфронсия субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, раисони Шӯрои занону духтарони Ҷамоатҳо, муовини директорони муассисаҳои таълимии ноҳия оид ба корҳои тарбияи муассисаҳои таълимӣ, равоншиносон, занону духтарони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.

Инчунин дар конфронсия намояндаи Раёсати кор бо занон ва оила мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Расулова Истамбону Саломаовна, ходими ҷамиятиву сиёсӣ, собиқ вакили маҷлиси намояндагони маҷлиси оилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, Раиси ташкилоти ҷамъиятиии «Хуршеди зиндагӣ» Шуҷоат Ҳасанова ва муовини Раиси ташкилоти ҷамъиятии макрази занон «Гулрухсор» Саломова Сабоат Бобоҷоновна иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар кишвари азизамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занону бонувон имкониятҳову шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст. Тибқи маълумотҳои омори имрӯз дар кишвар зиёда аз 22 адад санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа амал менамоянд, ки ин худ далолат аз таваҷҷуҳи бевоситаи сарвари давлат нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан-модар вобаста аст.

Дар ҳақиқат дар раванди созандагии кишвар нақши зан-модар хело назаррас мебошад. Читавре, ки Пешвои муаззами миллат дар баромадҳои хеш қайд менамояд «Модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкору ихтисосманди муваффақ мебошад».

Дар ситоиши зан-модар бузургон бисёр суханонро ифода намуда бошанд ҳам каме, зеро зан-модар, ҳамсар, олиҳаи ҳусн, омӯзгор, табиб, соҳибкор, соҳибҳунар ва тамоми хислатҳои хуби инсони мебошад. Беҷуз нагуфтаанд, ки:

Ҷаннат ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Инчунин устоди модарсарои тоҷик Мирзо Турсунзода дар достони «Ҷони ширин»-и хеш дар васли зан чунин гуфтааст

Ҳеҷ коре нест бе зан хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Инчунин дар конфронсия якчанд нафар фаъолону занон оид ба пешгирии зӯровари дар оила ва мақому манзалати зан дар ҷомеа баромад намуданд

Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҳақназарова Мадина, муовини директори МТМУ№22 Махкамова, котиби суди ноҳия Содирова Нигора, раиси Шӯрои занони Ҷамоати деҳоти Равшан Салиқова ва сархати масҷиди ҷомеаи марказӣ Насриддинов Нуриддин баромад намуданд.

Дар ҳақиқат дини мубини ислом яке аз динҳои аввалин мебошад, ки дар ситоиши зан-модар ва бунёди оила бисёр гуфторҳои пурмуҳтаво оварда шудааст. Расули акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд ки:

«Оиладор шавед ва шумораатонро зиёд намоед, зеро ман дар назди дигар Паёмбарон бинобар зиёдии шумораи умматонам ифтихор намоям».

Дар ҳақиқат таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбати занон беандоза мебошад. Зеро Пешвои муаззами миллат ба нерӯи созандаи занону модарон ва ҷавондухтарон такя намуда онҳоро «Нигини пурҷилои тоҷи миллат номидаанд».

Сарвари маркази ВМНО-дар ноҳия Ҷамолов оид ба «Пешгирии касалиҳои ВИЧ-СПИД» баромад карда, зикр намуд, ки зеро ин падидаи номатлуб имрӯз дар ҷомеаи мо доманпаҳн намуда истодааст.

Дар конфронсия директори ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» Шуҷоат Ҳасанова баромад намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкориву дастгириҳои ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ»-ро дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои хоҷагии ҳалқи ноҳия эҳсос менамояд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» бо роҳбарии Шуҷоат Ҳасанова дар ноҳия бисёр семинару вохӯриҳоро бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа пайваста ташкил менамоянд ва ба якчанд занҳои муваффақи ноҳия туҳфаҳои хотиравиро супориданд.

Аз конфронсия тамошобинон ғизои маънавиро ба худ гирифта, дар охир миннатдории мақомоти иҷроияро ба кулли иштирокчиёну ташкилкунандагони конфронсия баён намуданд.