Тибқи Нақша-чорабиниҳо ва Низомномаи Федератсияи Россияи Ҷумҳурии Татаристони шаҳри Қазан, ки санаҳои 25 то 28-уми октябри соли 2018 чемпионати Ҷаҳон оид ба намуди варзиши гуштини миллии камарбандӣ тарзи классикӣ ва озод байни мардон баргузор гардид. Дар ин чемпионати Ҷаҳон давлатҳои Шӯравӣ иштирок доштанд. Дар байни ин давлатҳо аз дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар варзишгарон иштирок намуданд.  Дар байни 16 нафар варзишгари тоҷик 2 нафар варзишгари муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Зафаробод Рабиев Маҳмадрашид ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби медали бириҷӣ гардид ва варзишгар Тӯйчиев Тоҷиддин ҷойи панҷумро ишғол намуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Президенти байналмилалии Федератсияи гуштини камарбандӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар даҳ моҳи соли 2018 дастовардҳои варзишгарони муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Зафаробод 66 адад тилло, 79 адад нуқра, 173 адад биринҷӣ мебошад.