Санаҳои 31-уми октябр ва 1-уми ноябри соли 2018 раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраки Ҳамид Алиев, Зафаробод ва  Ҷамоати деҳоти Равшан оид ба ободонӣ ва таъмири азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ доир намуданд. Дар вақти баргузории вохӯрӣ сокинони Ҷамоатҳо аз он ҷумла соҳибкорон баромад намуда, иброз доштанд, ки барои таъмиру азнавсозӣ ва таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ бо  таҷҳизотҳои замонавӣ омодаанд саҳмгузор бошанд.

Инчунин раиси ноҳия қайд намуданд, ки мо бояд шукронаи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ намуда, барои бо роҳи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас саҳмгузор буда,  сарҷамъона диёрмонро обод гардонем.