Ҷамъбасти даҳаи дуюм

оид ба ғунучини пахта бо натиҷаҳои назаррас

Санаи 24 октябри соли равон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъбасти даҳаи навбатӣ оид ба ҷамъоварии пахта гузаронида шуд.

 

Раиси ноҳия муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ баромад намуда, аҳли деҳқонон ва заҳматкашони ноҳияро ба муносибати ишғоли ҷойи дуюм дар даҳаи ҷамъбастии вилоят оид ба ғунучини пахта муборакбод намуданд. Муҳтарам Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки саҳми сокинон ва кормандони корхонаву ташкилотҳои ноҳия дар ин дастовард назаррас мебошад. Инчунин таъкид гардид, ки Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев нақшаи ғунучини пахтаро 108 фоиз ва Ҷамоати шаҳраки Зафаробод 96 фоиз иҷро намуданд, ки нисбат ба дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пешсаф мебошанд.

Ба ин муносибат мукофотҳои пулӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба раисони Ҷамоатҳои шаҳраки Ҳамид Алиев ва Зафаробод супорида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар рафти чорабинӣ бо мақсади иҷроиши Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ба якчанд муассисаҳои таълимии ноҳия, аз қабили МТМУ№11, 12, 15, 16 ва 17 компютерҳои нави замонавӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуданд.

Инчунин ба 15 нафар чинакчиҳои беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар охири чорабинӣ фаъолони ноҳия сухан намуда аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуда қайд карданд, ки аҳли мардуми ноҳия омодаанд, то ки меҳнати пурсамари деҳқонро, истифода аз ҳавои муносиб ҷамъоварӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия