Мо, сокинони ноҳияи Зафаробод, баробари огаҳӣ ёфтан  тавассути шабакаҳои интернетӣ дар бораи таъсис ёфтани ташкилоти наве, аз ҷониби Анҷумани озодаандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи «Паймони миллӣ» дар шаҳри Варшава иқдом намудем, расман фаъолияти чунин  созмонеро, ки бо ташаббуси як гурӯҳ хоинон ва душманони миллат таъсис ёфтааст, қатъан маҳкум намоем, зеро ташкилот ва ниҳодҳое, ки то дирӯз бо кӯмак ва пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш ва бо раҳнамоии ТТЭ ҲНИ хиёнат ба миллату Ватан намуда, пайваста дар ҳаққи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бадгӯиҳо менамуданд, нафароне, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш дигарбора ба даст силоҳ гирифтаву хостори ноором кардани фазои осудаи Тоҷикистони азизи  мо гаштаанд, бо кадом ҳуқуқ имрӯз номи миллат ва Тоҷикистонро ба чунин як ташкилоти душманони миллат ҳамроҳ намудаву номи кишвару миллатро доғдор месозанд.

Мусаллам аст, ки дар баргузории ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо ҳайати комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ҷиноятҳо ва хиёнаткориҳои ҳизби наҳзати исломро бо далелҳои раднашаванда, бо иштироки худи собиқ мухолифони пушаймоншуда, аз қабили Айёмиддин Сатторов ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расониданд. То ҷое маълум аст, чун кори ҷаласа ба табъи дили хоинону ватанфурӯшони ба ном «Паймони миллии» оғоз наёфт, муносибатро бо лаҳни тунду тавтеа (провокатсия) бо ҳайати ҳукуматӣ оғоз карданд. Ҳатто асолатбохтае бо номи Сулаймони Орзу бо роҳи правакаторӣ мехост шиори ба табъи дилаш навиштаро ба Айёмиддин Сатторов дода, бо роҳи аккосӣ барои ғаразҳои сиёсии хоинонааш истифода намояд, вале хушбахтона ба мақсадаш нарасиданд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки халқи шарафманди тоҷик имрӯз хуб дарк кардааст, ки ТТЭ ҲНИ ҳамрадифи терроризму экстремизм падидаҳои  номатлуб барои ҷомеа буда, мубориза бурдан бо онҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандии хар як сокини кишвар аст. Пас месозад дар ин замина иброз дошт, ки халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни терроризму экстремизм ба ормонҳои гузашта ва ҳадафҳои олии мамлакати хеш мерасанд!