Кулли устодон ва омузгорони ноҳияи Зафаробод амалиёти ифротгаронаи ТЭТ ҲНИ-ро махкум менамоем. Ба хама максади асосии ҲНИ нихоят ошкор гардид, ки он аз даъватхои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва амнияти давлат иборат аст. Ин ҳизб чунин аст, ки харгиз ба қадру манзалати сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва ба дастовардхои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ нарасида буд, ки мо омӯзгорони муассиса аз он изҳори таассуф менамоем.

Ҳақиқатан ҳам, он роҳе, ки дар давоми 27 сол халқи тоҷик бо рохбарии Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай намуд, дар тамоми таърихи миллати куҳанбунёду аҷдодиамон беназир мебошад. Дар давоми ин солҳо чанд неругоҳҳову роҳҳо, нақбҳову корхонаҳо, беморхонаҳову муассисаҳои таълимию фархангӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯзҳо дар тамоми кишвари азизамон корҳои ободию созандагӣ пеш рафта истодааст.

Мо омӯзгорон, фаъолияти худро баҳри тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи обу хоки Ватан ва бедор намудани арзишҳои миллӣ, донишомӯзиву азхудкунии технологияи муосир, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ, тарзи ҳаёти солим ва омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ равона менамоем.

ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш ҳаргиз сулҳу ваҳдати моро, оромию осоиштагии моро ва хандаи беғаши кудакони моро халалдор карда наметавонанд. Бо қатъият изҳор менамоем, ки ҳеҷ гоҳ нақшаҳои ноадолатонаи ТЭТ ҲНИ амалӣ намешаванд!

                                                                                                                                                         Номвар Муҳиддинов