Ҳодисаи ҳамла ба як гурўҳи велосипедронҳо дар роҳи Данғара – Душанбе (29 июл), ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ  гардид, ҳеҷ як фарди солимфикри кишварро бетараф намегузорад. Нохалафони ин ҳодисаи нангин ба ҷойи он ки дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кишвари азизи худро ба сокинони дунё муаррифи кунанд ва дастовардҳои 27- соли истиқлолиятро ҳифз намоянд даст ба корҳои нангин мезананд ва нуфузу эътибори ватани азизи худро дар арсаи ҷаҳонӣ паст мекунанд. Ҷавононе, ки ба ин кирдори нангин даст задаанд мумкин аст боқимондаи дастпарварони ТЭТ ҲНИ ва роҳбари беватану бевиҷдони он Муҳиддин Кабирӣ бошанд. Чунки солҳои 90-уми асри гузашта бо ин кирдорҳои хоинонаашон аъзоёни ТЭТ ҲНИ мардумро ба гирдоби ҷанг кашида бехонумон карданд. Боз мехоҳанд бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон ҷавонони моро гумроҳ карда ба ҳар роҳу восита кишвари орому осоиштаи моро ноором кунанд.

      Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рўйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дурру наздик нишон медиҳад, ки ТЭТ ҲНИ ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ мебошад. Ҳеҷ гоҳ бо ин роҳи интихобкардааш ба мақсад намерасад. Сокинони Тоҷикистон имрўз сиёҳро аз сафед ба пуррагӣ фарқ мекунанд ва дигар бозичаи дасти ТЭТ ҲНИ намешаванд. Шукри Худованди мутаъол, ки имрўз ватани  азиз ва биҳиштосоям Тоҷикистон, бо рохбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, соҳиби хиради худодод Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, рўз то рўз ба худ симои нав гирифта, мардумаш дар фазои озоду ором зиндагӣ карда истодаанд.  Пайравони дини мубини ислом озодона тоату ибодат ва тавбаю надомати худро ба ҷой оварда истодаанд.  Пешвои муаззами миллат ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ ки санаи 12.05.2018 сол баргузор гардид дар суханронии худ таъкид ба таъкид оид ба зиракиву ҳушёрӣ, таълиму тарбияи фарзанд дар роҳи ватандориву ватандўстӣ ибрози ақида намданд. 

        Аммо ин неъматҳои худодод дастпарвари бегонагон собиқ раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабириро ноором карда истодааст ва намедонад сарашро ба куҷо занад ва аз ки мадад ҷўяд.   Ҳоло ў ҳамчун беватан, дар ба дари хоҷагони хориҷиаш гашта чун талбандаҳо умр ба сар бурда истодааст. Хизмати хирсонаи ҳамон хоҷагони хориҷӣ буд, ки солҳои 90-ум сокинони кишвар ба хуну хок оғушта гардида буданд. Оё ҳамон фоҷеаҳо ба Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дарси ибрат нашуд.

     Ҷаноби Кабирӣ беҳуда сарсону саргардон шуда ғуломи ҳалқабардуши хоҷагони хориҷӣ нашав, аз паи зиндагиат шав. Ҳафт пушти гузаштагонат пайравӣ мазҳаби Ҳанафӣ буданд. Чи гуна ту мазҳаби ғайрро ба худ қабул мекунӣ? Ҳеҷ гоҳ сокинони кишвар он хиёнатҳое, ки нисбат ба давлату миллат, нисбат ба ватану модар кардӣ намебахшад. Имрўз ва оянда дар назди давлату миллати худ ҳамчун хиёнаткор, хоини ватан, ватанфурўш, беор, беномус боқи мемонӣ.  Мо аз ин гуна ашхос, ки дилу нияти нопок дорад ҳазар мекунем.  

         Худоё шукрона ба даргоҳат, ки аз зулмот ба суи равшани маро ҳидоят кардӣ ва бародарони маро низ хидоят бикун, мамлакати биҳиштосоямро боз зеботар гардон ба Пешвои муаззами миллат баракоти умр, обруву эътибори чаҳониро арзонӣ бигардон.

Шайдуллоев Х. – мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии МИҲД ноҳияи Зафаробод