Саидюнуси Истаравшанӣ ҳар гоҳе, ки тариқи шабакаҳои интернети баромад намуда оид ба озодиву  инсонгароӣ сухан мезанад, аз амалу кирдорхояш аник мешавад, ки суханонаш дурӯғ мебошанд. Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷии дурру наздик нишон медиҳад, ки террористон аз қабили Саидюнуси Истаравшанӣ, Кабирӣ ва ғайра таври комил хизматгорону ғуломонӣ хоҷагонӣ хориҷии худ буда, ҳадафи ягонаи онҳо шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва соҳиб шудан ба боигарӣ ва сарватҳои табии кишвар мебошад. Аммо инсоне, ки нияти бад дорад ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад. Мардуми кишвар имрӯз аз хурд то бузург ки будани Саидюнуси Истаравшанӣ, Кабирӣ ва наҳзатиёнро фаҳмиданд, мақсадҳои нопоки хоинонаи онҳоро дарк намуданд ва дигар бозичаи дасти ин палидону аблаҳон намешаванд.

Бояд  қайд кард,  ки имрӯз ватани  азизу биҳиштосоямон Точикистон, бо рохбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон рӯз то рӯз ба худ симои нав гирифта, мардумаш дар фазои озоду осуда зиндагӣ карда истодаанд.  Пайравони дини мубини ислом озодона тоату ибодат ва тавбаю надомати худро ба ҷой оварда истодаанд. Пешвои муаззами миллат дар ҳар мулоқоту суханронии худ борҳо таъкид менамоянд, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем. Фарзандонро  дар роҳи ватандориву ватандӯстӣ тарбия намоем.

Имрӯз Саидюнуси Истаравшанӣ ҳамчун беватан, дар ба дари хоҷагони хориҷиаш гашта чун талбандаҳо умр ба сар бурда истодааст. Хизмати хирсонаи ҳамон хоҷагони хориҷӣ буд, ки солҳои 90-ум сокинони кишвар ба хуну хок оғушта гардида буданд. Оё ҳамон фоҷеаҳо барои Саидюнуси Истаравшанӣ ва Кабирӣ дарси ибрат нашуд.

Саидюнуси Истаравшанӣ беҳуда мисли саги девона бо суханҳои бемаъниву пучи хуб кӯшиши ба даст овардани боварии мардум макун. Ҳафт пушти гузаштагонат пайравӣ мазҳаби Ҳанафӣ бубанд. Чи гуна ту мазҳаби ғайрро ба худ қабул мекуӣ? Ҳеҷ гоҳ сокинони кишвар он хиёнатҳое, ки нисбат ба давлату миллат, нисбат ба ватану модар кардӣ намебахшад. Имрӯз ва оянда дар назди давлату миллати худ ҳамчун хиёнаткор, хоини ватан, ватанфурӯш, беор, беномус боқи мемонӣ. Мо аз ин гуна ашхос, ки дилу нияти нопок дорад ҳазар мекунем.

Худоё шукрона ба даргоҳат, ки  маро ба роҳи рост ҳидоят кардӣ ва бародарони маро низ хидоят бикун, мамлакати биҳиштосоямонро боз зеботар гардон.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод