“Террорист ватан, миллат, ва дину мазҳаб надорад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаҳони имрӯза ба мавҷи хушунатбори гурӯҳҳои ифротиву хусусияти террористидошта мувоҷеҳ гашта, солҳои охир доир ба афзоиш ва густариши терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои номатлубу хатарафзо, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд дар васоити ахбори омма хабару нигоришоти зиёде ба назар мерасанд, ки ин нукта давлату ҷомеаи соҳибтамаддуни моро низ бетараф гузошта наметавонад.

Ҳадаф аз баёни ин матлаб, пеш аз ҳама, аз хатари глобалии терроризм ба масоили сиёсати умумиҷаҳонӣ дониста мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатару таҳдиди терроризми байналмилалӣ бетараф буда наметавонад. Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки имрӯз соири кишварҳои оламро фаро гирифтааст, зуҳури падидаҳои номатлуби замон, амсоли терроризм, экстремизм ва сепаратизм вазъиятро дар равобити байналмилалӣ ноором сохта, пайваста ба амнияти кишварҳо таҳдид менамояд. Нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, аз вазоифи аввалиндараҷаи Ҳукумату роҳбарияти мамлакат маҳсуб ёфта, ҷомеаи шаҳрвандии моро водор менамояд, ки дар ин масъала бетараф набошанд.

Терроризм аз вожаи лотинии “terror” сарчашма гирифта маънои тарс, ваҳм ва бимро дорад, ки асосан ашхос ва гурӯҳҳои даст ба амалҳои террористӣ зананда, мақсад ва мароми нопоки хешро бо роҳу равишҳои хусусияти зуроварӣ ва тарсу даҳшатафканидошта, пиёда месозанд.

Экстремизм бошад аз калимаи фаронсавии “extremizme” ва истилоҳи лотинии  “extremus” реша гирифта, маънои томаш ифротгароӣ, тундравӣ, афкор ва амали тундравона мебошад ва экстремист шахсест, ки дар фаъолияти ҳаётии хеш тарафдории амалҳои якравона ва тундравиро маром қарор дода, онро дар тамоми соҳаҳои фаъолияти худ – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш мавриди истифода қарор медиҳад.

Экстремизм дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм-ифротгароӣ” ба таври зайл баён карда шудааст, ки ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Ташкилоти экстремистӣ ин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки нисбати он тибқи асосҳои пешниҳоднамудаи қонуни дар боло зикршуда оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолияти вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонун даромадааст, мебошад.

Терроризм ва экстремизм вожаҳои нав набуда, дар тӯли таърихи инсоният арзи ҳастӣ намуда, фаъолияти онҳо дар аксари ҳол бо иҷрои супоришоти фармоишгарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шуда буд ва дар акси ҳол, дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуд, ки асосан бо воситаи зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлат - ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯровариро нисбати аҳолии осоишта ба амал мебарорад.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият дар баъзе манотиқи курраи замин, алалхусус, мамлакатҳои мусалмоннишин ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешавад ва ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми аъмоли ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бавижа дини мубини Ислом алоқамандие надоранд.

Дарки ҳамин мафоҳими дар боло зикршуда аст, ки Роҳбари муаззами кишварамон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин, Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид мекунанд.

Дар таблиғи ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷомеаи осоишта, алалхусус, ҷавонон таблиғ ва интишор менамоянд. Дар айни ҳол гурӯҳҳои террористии ба ном “Давлати исломӣ”, “Ҳизбуттаҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ал-қоида”, “Боко-Ҳарам”, “Толибон” ва монанди инҳо барои анҷомдиҳии ғаразҳоии сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худ фаъолият доранд.

Ин ҳолатҳо асосан дар Шарқи Наздик, Осиё, Русия, Африқои Шимолӣ, баъзе манотиқи Аврупо ва Афғонистони ҳамсоякишвари мо ба назар мерасанд, ки ин баёнгари ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир мубаддал гаштани ин зуҳуроти номатлуб мебошад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20-уми январи соли 2016 ин падидаро ҳамчун вабои аср ва на кам аз хатари яроқи ядроӣ тазаккур дода, таъкид менамоянд, ки: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба аманияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Терроризм ва экстремизми муосир дар даҳсолаҳои охир бо прогресси илмӣ ҳамқадам ва дорои яроқу аслиҳаҳои гуногуннамуди қатли ом гашта, ҳатто дар ихтиёр васоити ахбори омма ва тарзҳои интиқоли иттиллот, инчунин механизми муосири таблиғотиро низ ба даст овардидааст.

Терроризм ва экстремизми муосир симои ба худ сиёсӣ гирифта, дар навбати аввал, бо ваъдаҳои пучи инқилоби иҷтимоӣ ва озодиҳои миллӣ, таблиғотӣ ва шиорпардозӣ намуда, ҳатто ба тасарруфи ҳудуди сарҳадоти давлатҳо азм намуда, гӯшаҳои гуногуни сайёраи дунёро фаро гирифта, тадриҷан паҳн гашта истодааст.

Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд,  низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин,  соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат наметавонад пояҳои давлатдории хешро мустаҳкам гардонад, балки ин амал боиси шикаст, хорӣ ва залилии он гардида метавонад.

Дар ин росто, боз ҳам аз суханони қотеъ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мубориза бо терроризм ва экстримизм фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд ва истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад - гӯён таъкид месозанд, хело бомаврид буда, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, ки мубориза бо терроризм ва экстремизмро маҳаки кори хеш қарор додаанд, заминаи муҳим ва ҳушдори бамаврид маҳсуб меёбад.

Аваззода Саҳбо Аваз - сарвари МТМУ №3