Ҳамдиёрони гиромӣ!

Имрӯз кулли мардуми Тоҷикистони азиз, аз ҷумла сокинони сарбаланду зафарманди ноҳияи Зафаробод ҷашни хуҷаставу фархунда, Наврӯзи Аҷамро дар шароити сулҳу ваҳдати комил, суботи сиёсӣ бо самимияти хосаву нишоти беандоза таҷлил менамоянд.

Дар оғози ин тантанаҳо тамоми мардуми сарбаланди кишвар аз ҷумла сокинони ноҳияро бо Иди Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику шодбош гуфта, рӯзгори ободу осуда, сарбаландӣ ва саодати ҳамешагиро таманно мекунам.

Наврӯз дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишу манзалати хоса пайдо намуд.

Шинохти манзалати Наврӯз дар он аст, ки аз ҷониби созмони умумиҷаҳонии Юнеско ин ҷашн ҷаҳонӣ гардид.

Таҷлили Наврӯзро аҷдодони мо бо суннатҳои барҷаста истиқбол намуда, бо нерӯи идона корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат медоданд. Ҳамчунин яке аз фазилатҳои ҷашни Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург маҳсуб меёфт.

Сокинони ноҳияи Зафаробод низ арзишу эътибори ин ҷашни мардумиву миллии Наврӯзро қадр намуда, ҳамасола онро шукӯҳманду ботантана таҷлил менамоянд.

Имрӯз ноҳия рӯҳияи наврӯзӣ дорад. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, мардуми сарбаланди ноҳия бо дарки баланди масъулиятшиносиву меҳанпарасти ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру раҳнамоиҳои Ҳукумати мамлакат имрӯз кишвари азизи мо - Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гаштааст.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳар қадар, ки ҷашни Наврӯзро бо шодию фараҳ ва сазовор таҷлил намоем ҳамон қадар файзу нусрат ва баракотро насиб хоҳем гашт.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо сокинони шарафманди ноҳияро бо фарорасии Наврӯзи фаррухқадам ва оламафрӯз самимона муборакбод гуфта, бароятон хушиҳои рӯзгор, шукуфоиву нусрат, нишоту комронӣ орзу мекунам.

Бигзор хонадони ҳар як сокини кишвар ва ноҳия пурнеъмату файзбор бошад!

Наврӯз иқболи нав, нерӯи нав, афкори навин, руҳияи болидаю созандагӣ ба ҳар яки шумо эҳдо намояд!

Ҷашни Наврӯз муборак ҳамдиёрони азиз!