Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба мақоми олии қонунгузор дар қатори инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, рушди рукни низоми давлатдорӣ ва баъзе мушкилоти асосии муосир, камбудиву норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ сухан ронда чанд маротиба аз таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдоварӣ намуда буданд.

Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ зимни шинохти фаъолияти ҲНИТ маълум гардида буд, ки бархе аз кишварбову ташкилотҳо ҳамчун пуштибону сарпарасти ин ҳизби фаъолияташ мамнуъ эътироф мешаванд.Ин бесабаб ҳам нест. То замоне, ки ҲНИТ фаъолияти расмӣ дошт, ҳамагуна воридаҳои моливу пулиро аз ин ташкилотҳо ё кишварҳои алоҳида зери пӯшиши кӯмаку грант дарёфт мекард.

Умуман, ҲНИТ гарчанд зери чунин ном фаъолият мебурд, аммо мақсади нопокро пешаи худ карда, мехост ба номи миллати тоҷик ва дини мубини Ислом иснод орад. Зикр кардан ба маврид аст, ки Сохтори минтақавии зидди терористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ҲНИТ –ро  ба феҳристи номубораки ташкилотҳои террористӣ ворид кардааст.

Ҷавонон, ки ояндасозони миллат ба ҳисоб мераванд, бояд чун шахсони рӯшанфикру равшанзамир аз чунин ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ нафрат намуда, ҷиҳати решакан ва нобудсозии ин қувваҳои нопок ҳамеша омода бошанд.

Хулоса карда гуем, агар ҳар як фарди Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуби террористӣ саҳми арзанда гузорад, бо боварии комил гуфта метавонем, ки  ягон қувваи нопоку ғаразноки қазияи мазкур ба Тоҷикистони ҳамешаҷавони мо осебе расонида наметавонад.

Раҷабалӣ Раҳмонов, омӯзгори МТМУ-и №12-и нохияи  Зафаробод