Варзишгарони азиз!

Таҷлили ҳамасолаи иди касбии варзишгарон далели равшани таваҷҷӯҳ ва ғамхории давлат ба ҳаёти варзишгарон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар мебошад.

Имрӯз варзишгарони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор мераванд, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо татбиқи пайгиронаи Сиёсати давлат ягон масъалаи варзишгаронро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми тадбирҳоро меандешад, то ки ҷавонону наврасон ҳамқадами замон ба камол расанд.

Ҷавонону варзишгарони умедбахши ноҳия дар қатори ҷавонони мамлакат дар татбиқи «Сиёсати давлатии ҷавонон» саҳмгузор буда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи неруи худро масраф менамоянд.

Ширкат дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ аз дастовардҳои арзандаи ҷавонон ва варзишгарони ноҳия маҳсуб меёбад.

Боиси сарфарозист, ки давоми соли ҷорӣ варзишгарони ноҳия дар 3 мусобиқаҳои вилоятӣ ва 10 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 61 медали тилло, 22 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ гардиданд, ки бори дигар шарафу эътибори ҷавонон ва варзишгарони ноҳияро дар сар то сари кишвар муаррифӣ намуданд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ғолибони мусобиқаҳоро ба ин шарафи бузург табрику муборакбод менамоям. Насли ҷавонро таъкид менамоям, ки дар пайрави ба ин гуна ҷавонон ба рушди варзиш саҳмгузор бошанд. Сафи парчамбардорони мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз ноҳия сол то сол зиёд гардад.

Мардуми сарбаланди мо имрӯз баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сидқи дил меҳнат намуда, бобати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро меандешанд.

Бори дигар ҳамаи Шумо варзишгаронро ба муносибати Иди касбии варзишгарон табрику муборакбод намуда, ба кулли сокинони ноҳия тинҷиву осудагӣ, файзу баракати рӯзгорро орзумандам.