Санаи 7 августи соли 2020 гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳайати кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва волонтиёрон аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷи тиббии ноҳия дар бозорҳои маркази ноҳия корҳои тарғиботӣ гузаронида, бо сокинони ноҳия варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд. Зимни сӯҳбат таъкид карда шуд, ки хавфи паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии нави коронавирус COVID-19, шаҳрвандонро мебояд ба қоидаҳои беҳдошт ва фосилаи иҷтимоӣ қатъиян риоя намоянд.