Бунёдкориву накӯкорӣ ҳунари на ҳар як мард мебошад. Аз ватандорӣ то беватан гаштан, аз ободкорӣ то харобкорӣ як қадам роҳ аст. Ҳастанд афроде, ки вайронкориву ҷанг, одамкушиву хиёнатро нисбати халқу ватанашон ҳам қарзу ҳам фарзи худ меҳисобанд. Зеро сулху осоиштаги ва саводнокии мардум зидди манфиаташон мебошад. Онхо бо қавле «обро лой карда мохи медоранд».
Аз қабили чунин ашхоси носипосу бадтинат аъзоёни ҲНИТ мебошанд, ки яке аз ҳаракатҳои экстремистию терористӣ ба ҳисоб мераванд. Ба ақидаи онҳо «Дин дар сиёсат ва сиёсат дар дин аст».  Ин ҳаракатҳои ифротгароёна ҳанӯз солҳои 70-ум арзи вуҷуд карда наметавонистанд.
Охирҳои солҳои 80-ум ва аввалҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҳаракати мардумии «Ростохез» ва баъдар ҲНИТ ташкил ёфт. Онҳо дар парлумон тарафдорони худро барои амалигардонии мақсадҳои худ ворид кардани буданд, лекин тирашон ба ҳадаф нарасид. Аз ин рӯ барои амалӣ гардонидани амалҳои нопоки худ мардумро зери шторҳои бардурӯғи «Демократия» зидди сохти конститутсионӣ даъват намуданд, ки вазъи сиёсии кишварро муташанниҷ гардонанд.
Аммо дар он амалҳои нопок мақсадҳои сиёҳи худро амалӣ карда натавонистанд. Гирдиҳамоӣ, харобкорӣ, даъват ба «ҷиҳод» ҳадафи асосии онҳо буд. ҲНИТ метавонист мисли дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар парлумон бошад, аммо роҳи муносибати сиёсӣ ва фарҳангиро бо ҳукумат баст, аз доираи ваколатҳои худ берун рафт ва даст ба куштору ғоратгариҳо зад. Онҳо барои ба даст овардани ҳукумат аз ташкилотҳои экстремистии хориҷӣ истифода бурданд. Дар натиҷаи ин ҷангҳои бародаркуш 150 ҳазор одам кушта шуд. Ин гадоёни беватан имрӯз берун аз марзи кишвар бошад, ҳам то ҳол мехоҳанд, ки ба ҳаёти осоиштаи Тоҷикистон рахна андозанд. Мисоли ин моҳи сентябри соли 2015 бо дастгирӣ ва маблағгузории ҲНИТ Назарзода кӯшиши табаддулоти сиёсӣ намуд.
Пешвои Миллат терроризм ва экстремизмро  «Вабои аср» номида буданд.
Амалҳои разилу нопоки Кабирӣ ва Тарафдорони ӯ зидди гуфтаҳои Қуръон буда, дини ислом куштани бародари муъминро маҳкум месозад. Ҳаракати террористӣ умуман хоси дини ислом набуд ва нест. Калимаи «терор» фаронсавӣ буда, маънояш «тарс», «даҳшат» ё «воситаи тарс» мебошад, ки асри XVIII  дар Фронса пайдо шуда, асри XIX дар Россия ҳам амалӣ шуда буд. Экстремизм (ифродгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба амнияту, сулҳу озодӣ ва сохти конститутсионӣ зарар мерасонад.
Ислом муҳточи ҳизб ё ҳаракатҳои сиёсӣ нест, зеро қудрату тавоноии ин дин, баландтар аз мавқеи давлатҳои абарқудрат мебошад.
Мо набояд, ки фирефтаи суханҳои аҳмаконаи тарафдорони Кабирӣ бошем, чунки онҳо гуфтахои Қуръонро нодуруст ва ба фоидаи амалҳои нопоки худ шарҳ медиҳанд. Мо амалҳои нек ва гуфтаҳои дини исломро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд гирем. Ғамхорӣ ба ятимони кулл, бепарасторон ва оилаҳои камбизоату бенаво амалҳои начиби Пешвои миллатамон мебошанд. Ба кадри ҳаёти ободу осоишта расем то, ки мисли Кабири беватану нонгадо ва нигарони саховати хоҷагони хориҷа нагардем.

Омӯзгори МТМУ№10-и ноҳияи Зафаробод
Ҳоҷимуродов Суҳроб