Санаи 16-уми июли соли 2020 тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сардори Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд Ализода Аъзамҷон иштирок намуд.

Дар нишасти матбуотӣ мухбирони вилоятӣ Рофиева Мавлуда - мухбир аз ҳафтаномаи ASIA- Plus, Ҳусейнов Ғуфрон –муҳаррири телевизиони вилояти Суғд ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма дар ноҳия ширкат доштанд.

Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2020 маълумоти мухтасарро ба саҳми ҳозирин расониданд .

Пас аз баромади Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ аз тарафи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сардори Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд Ализода Аъзамҷон ва мухбирони вилоятӣ ва ноҳиявӣ саволҳо дода ва ба савоҳои худ ҷавобҳои мусбӣ гирифтанд.

Назирҷон Муллоев –сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия