Санаи 9-уми июли соли 2020 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод ҷамъбасти шашмоҳа оид ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гузаронида шуд. Дар 5 Ҷамоати ноҳия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Ҷамоаҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия корро ба роҳ монда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» амал намуда, дар давоми шашмоҳи соли 2020 як қатор корҳоро ба сомон расониданд.

Дар ин муддат масъалаҳои фаъолияти хоҷагии манзилию комуналӣ, дар бораи рафти корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, омодагӣ ба гузаронидани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, иди Ғалаба, рӯзи Ваҳдати миллӣ, фаъолияти муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ ва муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоатҳо, дар бораи даъвати шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши тағйиру иловаҳо ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин мактубҳои аз мақомотҳои дигар воридгардида дида баромада, муҳокима гардиданд.

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баҳри пешбурди фаъолият ва некӯаҳволии шароити зисти аҳолӣ тамоми кӯшишу имкониятҳои худро роҳандозӣ менамояд ва баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар ҳаматарафа корбари намуда барои зиндагии шоистаи мардум хизмат мекунанд.