Дар бинои Қасри фарҳанги “Зафар” маҷлиси ҷамъбасти фаъолияи соҳахои хоҷагии халқи ноҳияи Зафаробод давоми шаш моҳи соли 2020 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода Маҳмуд Ширинҷон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Вализода Аъзам ва раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ иштирок намуданд.

Маҷлис аз рӯи як масъала натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия баргузор гардида, вобаста аз натиҷаи фаъолият муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо пурсида шуданд.

Ҳамчунин ба масъулон дар давраи минбаъдаи фаъолият дастурҳои мушаххас дода шуд. Қайд гардид, муҳимтарин вазифаи ҳар як шаҳванди ноҳия татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, амалисозии дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти бузург дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ мебошад.