Санаи 6 июли соли 2020 гурӯҳи муштараки тарғиботӣ дар ҳайати кормандони шуъбаи рушди иҷтимоии МИҲД- и ноҳия, Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, бахши кор бо занон ва оила ва кормандони Ҷамоати деҳоти Равшан дар деҳаи Гулистон корҳои тарғиботӣ гузаронида, бо сокинони ин деҳа варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд. Зимни сӯҳбат таъкид карда шуд, ки хавфи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 боқӣ монда, шаҳрвандонро мебояд ба қоидаҳои беҳдошт ва фосилаи иҷтимоӣ қатъиян риоя намоянд. Бинобар баргузор намудани маъракаи тестгузаронӣ байни сокинон бо мақсади бехатарии аҳолӣ дар даромадгоҳи деҳаҳои Гулистон ва Ҳаёти нав нуқтаҳои назоратӣ фаъол карда шуд.

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод