Зиракии сиёсӣ-мундариҷаи зиндагист

Зиракии сиёсӣ ин шинохти воқеияти зиндагӣ, воқеияти таърихӣ ва ватандорӣ буда, бозгӯи фарҳанги баланди сиёсӣ ва маърифати волои ватандӯстии ҳар як шасх буда мебошад, гувоҳи он аст, ки чунин афрод барои ободоӣ, озодӣ, сулҳу субот, таҳкими аркони давлатдорӣ, муаррифии давлат, ҳифзи он аз унсурҳои бегона ва пешрафту инкишоф ҳамчун шахси солимфикр хизмат менамояд.

Набояд фаромуш кард, ки имрӯз инсоният дар асре қарор дорад, ки дар баробари муваффаққиятҳо, мушкилоту хатарҳои зиёд низ ҳамрадифи зиндагии мо мебошанд, ки бетаваҷҷӯҳи нисбати онҳо ба зарари ҷомеа ва ба нафъӣ ҷонибҳои манфиатдор мебошад.

Терроризм ва экстремизм, дар воқеъ дар сатҳи давлатҳо, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба як мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта, дар масоили пешгирии таъсири манфии он мунтазам нишастҳо баргузор карда мешавад. Умуман, талошҳо дар самти муқовимат бо ин падидаҳои номатлуб дар ҷараён буда, аз тарафи дигар масъалаи мазкур дар назди ҷомеа вазифаҳои мушаххас мегузорад.

Замоне, ки аз як ҷониб давлат дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст, бояд аз ҷониби дигар ҷомеа низ хомуш набошад, баръакс бедор бошанд ва барои ҳимояи худ, аҳли пайандон ва дар умум барои Ватан омода бошанд. Омодагӣ бояд дар шакле сурат гирад, ки равияҳои ифротгароӣ дар амалӣ намудани нақшаҳои нопоки худ ба нокомӣ дучор гарданд.

Дар ин миён яке аз механизмҳои калидие, ки маъмулу машҳур аст, аз даст надодани зиракии сиёсӣ мебошад. Шояд барои баъзеҳо ин калимаҳо ба назар содда бошанд. Аммо дар асл зиракии сиёсӣ барои таъмини амнияти ҳар як шасх, ҷомеа ва давлат бисёр аҳамияти калон дорад. Хусусиятҳои муҳими зиракии сиёсӣ дар он ифода меёбад, ки инсон дар мавқеи худ устувор боқӣ мемонад, нисбати тамоми рӯйдодҳои ҷомеа дар пояи адолат, инсондӯстӣ ва ватандорӣ баҳо медиҳад. Таваҷҷӯҳи худро ба давлат ва ҷомеа равона намуда, аз ҳаргуна корҳои ношоиста дурӣ меҷӯяд, чи гуфтан, читавр қадам задан ва чи тавр қарор бароваданро вобаста ба сарнавишти ҳаёти худ бодиққат назар менамояд.

Агар таваҷҷӯҳ намоед, одамоне, ки гирифтори равияҳои ифротгароӣ мегарданд, пеш аз ҳама аз надоштани зиракии сиёсӣ мебошад. Агар шахс зираку ҳушёр ва дақиқназар бошад, ба андешаҳои ғаразнок ва фитнаангез дода намешавад, баръакс дар лағви онҳо муваффақ мегардад.

Яке аз вижагиҳои зиракии сиёсӣ дар он таҷассум меёбад, ки рӯҳияву ақли инсонро дар ғафлат намегузрад, табиати инсониро ҳамеша зинда нигоҳ медорад, зарари онро аз ҳаргуна фишорҳо ва ҳаракатҳои тасодуфӣ дар амон нигоҳ медорад ва қобилияти баланди таҳлилкунии вазъи ҷомеаро дар ниҳоди шахс ташаккул медиҳад.

Зиракии сиёсӣ дар умум дорои хусусиятҳои наҷиб буда, ҳар як инсон аз нуқтаи назари фаҳмиши худ дар робита ба аҳамияти он баҳо медиҳад. Мехоҳам чанде аз хусусиятҳои зиракии сиёсиро баён намоям:

-садоқат инсонро ба Ватан ва миллат устувор нигоҳ медорад;

-эҳтироми шахс ба  фарҳангу таърихи кӯҳан ва арзишҳои миллӣ баланд мегардад;

-дарки манфиатҳои миллӣ дар ниҳоди шахс ҳамеша мақоми аввалро касб менамояд;

-пешрафту ободӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ қадр карда мешаванд;

-инсонро дар чаҳорчубаи муайяни зиндагӣ раҳнамои месозад;

-инсонро аз таъсири падидаҳои номатлуби ҷомеа ҳифз менамояд.

Аз гуфтаҳои боло чунин менамояд, ки зиракии сиёсӣ кафили асосии ҳифзи нангу номус, орияти ватандорӣ, пост доштани арзишҳои бузурги таърихӣ ва баланд гардидани мақому манзалати шахс дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, раванди ташаккулёбӣ, бедории шахсӣ ва миллиро дар шуури инсон такони ҷиддӣ медиҳад. Ҳамзамон, зиракии сиёсӣ шахсро водор менамояд, ки маърифатнок бошад ва маърифати худро ба нафъи давлату миллат раҳнамои созад.

Зираки сиёсӣ дар асл ҷавшанеро мемонад, ки афкори ҷомеаро пайваста аз таҷовузҳои идеологии гурӯҳҳои ифротгароӣ ва манфиатҷӯ эмин нигоҳ дошта, унсурҳои бегонаро аз шахс комилан дур месозад ва ватандориву ватанпарварӣ ҷавҳари асосии мароми ҳар як шахс мегардад.

Пас тибқи арзёбии мо дар ҷомеаи муосир, ки фарогирии таҳдиду хатарҳои зиёд мебошад доштани зиракии сиёсӣ, дарк намудани он ва мазмунан амал намудан аз рӯи принсипҳои он натаҳо мавқеи шахсро баланд мебардорад ва дар амон нигоҳ медорад, балки барои тарбияи муҳит низ бетаъсир намемонад.

Табиист, ки замоне, ки як шахс  чи дар зиндагӣ, чи дар арсаи ватандорӣ ва созандагиву ободонӣ ба як натиҷаи хуб муваффақ мегардад, шахсоне, ки нисбати ҳаёти худ, нисбати давлату миллат ва ҷомеа бетараф нестанд, таҷрибаи ӯро дар самти дастёбӣ ба чунин дастовардҳо ва пешравиҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ватандорӣ ва ҳифзи он рисолати муққаддаси ҳар як фард ба ҳисоб рафта, месазад, ки ин ганҷинаи беназири таърихиро аз ҳамагуна кӯшишҳои хоинони давлату миллат ва равияҳои ифротгароӣ ҳифз намоем.

Ватандорӣ шарафи бузург буда, танҳо ба шахсе муяссар мегардад, ки ба худ ва ватани худ содиқ аст, аз ягонагии андешаҳои ватандорӣ ва ватандӯстӣ рӯ намегардонад ва баҳри ҳифзи чунин арзишҳо ҳамеша зиракии сиёсиро ҳифз менамояд.

Мудири бахши умуми назорат ва

муроҷиати шаҳрвандони

дастгоҳи раиси ноҳия Боқизода Ф.