ИСМОИЛЗОДА ЗУФАР МУРТАЗОХОН

 

 

Соли таваллуд:

1 январи соли 1964.

Ҷои таваллуд:

н.Ғончӣ

Миллат:

тоҷик.

Таҳсилот:

олӣ

Соли 1986 - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (рӯзона) ва соли 2002 - Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (ғоибона) хатм кардааст.

Ихтисос: филолог-шарқшинос,ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ (соли 2009)

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, ӯзбекӣ, форсӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: ҳаст

Бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Ордени Шараф дараҷаи I, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени “Ситораи сурх”, медалҳои “Барои хизматҳои ҷангӣ”, “Барои фидокорӣ” (Ҷумҳурии демократии Афғонистон), 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ба иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ”, Граматаи фахри Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (СССР), медали “Ба ҷанговари интернатсионалист”, ордени “Барои хизмати шоён”-и Иттифоқи мудофиавии ташкилоти варзишӣ-техникии ИДМ, ордени “Шараф ва мардонагӣ”-и Фонди умумироссиягии Шараф ва Мардонагӣ, медали “Шараф дараҷаи II”-и Комиссияи мубориза бо коррупсияи Федератсияи Россия, Корманди шоистаи коопратсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии ифтихории маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба устоди варзиши ИҶШС (СССР).

Аъзои ҲХДТ: аз соли 05.02.1995

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва 7 набера

Суроға: н.Ғончӣ, кӯчаи Р.Ашӯров 20

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои

1981-1986

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Солҳои

1986-1988

Хизмат ба сафи Артиши Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон

Солҳои

08.1988-10.1988

Инструктори Кумитаи ноҳияи Ғончигии комсомол

Солҳои

10.1988-12.1988

Мудири шӯъбаи кор бо хонандагон Кумитаи комсомолии ноҳияи Ғончӣ

Солҳои

1988-1989

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи комсомолии ноҳияи Ғончӣ

Солҳои

1989-1990

Инструктори Кумитаи Марказии комсомолии ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ

Солҳои

1990-1991

Котиби якуми кумитаи ноҳиявии комсомолии ноҳияи Ғончӣ

Солҳои

1991-1996

Раиси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон

Солҳои

1996-1997

Мудири бахши шуъбаи идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Солҳои

1997-1999

Сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд

Солҳои

1999-2000

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Солҳои

2000-2001

Роҳбари маркази аналитики мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Солҳои

2001-2005

Мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои коргарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Солҳои

2005-2007

Мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Солҳои

2007-2011

Раиси шаҳри Истиқлол

Солҳои

2011-2015

Раиси ноҳияи Деваштич

Солҳои

2015-2020

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.11.2020

26.06.2023

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Аз 26 июни соли 2023 Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Зафаробод