mt3.org

Мавриди зикр аст, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик аз вартаи нести раҳоӣ ёфта, имрӯз ҳамчун миллати сулҳофар ва ваҳдатсаро дар саросари ҷаҳон мақому манзалати хоса пайдо намудааст.

Давоми тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ, кишвари азизамон таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат рушди бемайлон намуда, сатҳи зиндагии мардум хело баланд гардидааст.

Мутаассифона, ин пешравию рушди Тоҷикистони азизро  бархе аз кишварҳои олам мехоҳанд бо ҷалби хоинону ватанфур=шон мисли роҳбари ташкилоти ифротӣ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш халалдор созанд. 

Чи тавре ки ҳамаи мо огаҳӣ дорем чанд рӯз қабл тавассути шабакаҳои интернатӣ «гуфтугӯи мустақим»-и хоини миллати тоҷик, роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифт. Аз ин рафтору кирдорҳои Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бори дигар шоҳиди он гардидем, ки ҳоло ҳам онҳо аз кардаҳои худ пушаймон нашуда, дар пайи амалӣ намудани  нақшаву ниятҳои нопоки худ мебошанд ва мехоҳанд бо роҳи тафриқаандозӣ дар байни мардум оромии кишварро халалдор сохта соҳиби қудрат гарданд.

Аммо онҳо  бояд дарк намоянд, ки имрӯз миллати тоҷик шукрона аз Истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ намуда, тинҷиву оромии кишварро мисли гавҳараки чашм ҳифз менамоянд ва ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки нохалафе мисли Кабирӣ шаъну шарафи миллати фарҳангсолори тоҷик ва Сарвари муаззами онро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намояд. Инчунин ин хоинони миллат  бояд бидонанд, ки дигар бо чунин роҳҳо наметавонанд касеро аз Тоҷикистон ба доми худ афтонанд. Зеро мардуми ватандӯсту ватандори кишвар дигар ба макру фиреби онҳо бовар надоранд.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд