Бо як назари сатхи ба вазъи умумии фаъолияти гуруххои ифроти ва пуштибони пайдо намудани онхо аз чониби кудратхои мухталиф метавон ба чунин хулоса расид, ки сарпарастони террору дахшатафкани метавонанд дар натичаи ноором сохтани дилхох кишвар ба манофеи зер бирасанд: заминаи мусоиди истехсолу коркарди маводи нашъаовар, пайдо намудани мизоч ба аслихаву ярок ва дигар лавозимоти чанги, ба даст овардани боигари ва захирахои зеризаминии ин ё он мамолики бо терроризм дар холи бархурд карордошта, зиёд намудани кувваи кори аз хисоби мухочирони ичбори ва билохира ниёзманд гардонидани ин ё он кишвар ба дастгириву кумак.

Аммо такдири афротгароёну нафарони бо роххои фанду фиреб шомили чунин созмонхои тундгарошуда чи мешавад? Пасух ба хамагон якин аст. Такдири чангиёни гуруххои террористи билохира курбон шудан аст. Дар ин сурат террористонро метавон яроки зинда ё худ аслихаи чангии гуруххои манфиатхох ном бурд. Агар зери фаъолияти гуруххои эксремисти барои ташкилкунандагон ва сарпарастону хочагони он чунин манфиатхо ба даст ояд, пас тахмин меравад, ки мутаассифона чунин куввахо аз фаъолияти ноадолатонаи гуруххои террористи харгиз даст кашидани нестанд. Вале агар чунин идома ёбад, пас дар чанд соли оянда амнияи чахон зери хатар карор гирифта, зухуроти терроризм махвнашаванда боки хохад монд. Хамин аст, ки Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз чумла таъкид намуданд, ки; «Солхои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобали табдил ёфта, чахони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши чиноятхои хусусияти экстремисти ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилали, фаъолшавии унсурхои тундраву ифротгаро, чалби чавонон ба сафи созмонхои экстремистиву террористи ва иштироки онхо дар низоъхои мусаллахонаи давлатхои хоричи мусоидат менамояд. Хамаи мо шохидем, ки дар чахон чи вокеахо хаст. Дар мубориза алайхи терроризм ва эксремизм бояд аз сиёсати духура даст кашид. Бо ин вабои аср бози кардан лозим нест». Вокеан хам гумон меравад, имрузхо куввахову абаркудратоне, ки аз фаъолияти вахшиёнаи гуруххои террористи манфиат мебаранд, шояд хатар ва тахдиди ин вабои замонро содда ва кучак эхсос намуда, бо он дар холи бози карор гирифтаанд. Аммо сохибназарон бар онанд, ки тибки тачрибахо дар оянда таъсири аз хама зиёди паёмадхои экстремизму терроризм махз ба моликону сарпарстони онхо хохад расид.

 

 

Н.Мухиддинов аъзои гурухи "Созанда"