Бо гузашти замон ТЭТ ҲНИ - аз мақсадҳои нопоку  чеҳраи зишти хеш дарак дод. Ҳанўз солҳои 90-уми асри гузашта бо муқовимат ва давлатталабӣ онҳо барои соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ чеҳраи манфури хешро кушода буданд. Ёд дорам дар бозиҳои сиёсӣ бо баҳонаи «демократия» ва «ошкорбаёнӣ» аввал ҳизби ҳукмрони  коммунистро тамоман сиёсӣ карда пас аз он  лоф заданд, ки онҳо ҳанўз солҳои Ҳокимияти Шуравӣ дар собиқ вилояти Қурғонтеппа таъсис ёфта солиёни зиёд пинҳонӣ фаъолият мекарданд. Бо пайдоиши  майдатарин имкон зери парчами сабзи Ислом хостанд ҷилави давлатдориро дар Тоҷикистон ба даст гиранд. Барои ин ниятиҳои нопок онҳо аз ягон амалҳои нопоки террористӣ даст намекашиданд.

Дар иртибот ба фаъолияти қабливу феълии тундравонаи ТТЭ ҲНИ ин ниҳоди ифротгароро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон «ҳизби сиёсӣ» ва ё ҳатто «ҳизби оппозитсионӣ» номид.  Тибқи тавзеҳоти маъмулии илми сиёсатшиносӣ, дар ҷомеаҳои қонунсолор шеваҳои фаъолият ва роҳкорҳое, ки «оппозитсия», «ҳизби сиёсӣ» ва «ҳизби оппозитсионӣ» дар мавриди муборизаи сиёсӣ метавонад аз онҳо истифода кунад, бояд ҳатман қонунманд ва мусолиматомез бошанд.

Аз рўзҳои аввали ба фаъолияти ошкоро гузаштани ин ҳизб нишон дод, ки барои ба мақсади нопоки хеш расидан аз ягон террор даст намекашад.

Ба даст афтодани чанд тан ҳаммаслакони сарвари ин ҳизби Муҳиддин Кабирӣ аз қабили афроди ҷиноятпарвар  Тағоймурод Ашрапов, Қудратов Саймуҳридин, Абдуллоев Абдуқодир ва эътирофи онҳо оиди кирдорҳои ҷиноятпешаву террористии хеш бо дастгирии генерал хоҷӣ Ҳалим Назарзода чеҳраи манфури онҳоро нишон дод.

Ташкили қатли сиёсатмадори маъруф ва раиси парлумони вақти кишвар Сафаралӣ Кенҷаев, рўзноманигори  шинохта Отахон Латифӣ, олимони маъруф академик Муҳаммад Осимӣ, академик Юсуф Исҳоқӣ, табиби маъруф Минҳоҷ Ғуломов, мушовири Президент Карим Юлдошев, адиби шинохта Сайф Раҳимзоди Аффардӣ, муфтии мусалмоннони Тоҷикистон марҳум  Фатҳуллохон Шарифзода, Ҳабиб Сангинов-генерал майёор собиқ муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, Бегиҷонов Собирҷон собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҳамчунин 20 нафар афсарони қисми низомии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намунае аз бисёр ва муште аз хирвори ифроткориҳову ҷиноятҳои бешумори ТЭТ ҲНИ аст, ки бо дастгирии доираҳои мазҳабии хориҷӣ анҷом ёфтаанд.

Ҳамаи ин кирдорҳои нопоку ноҷавонмардонаи онҳо мақсадҳои нопоки ҳизби экстремистии нахати исломи Тоҷикистонро кушода дод.

 

Изҳороти Бердиев Д. директори коллеҷи

омӯзгории ноҳияи Зафаробод, аъзои гурӯҳи «Созанда»