Нишасти матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП-1729  ва тибқи ҷадвали ирсолшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 26 январи соли 2023 «Оид ба ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо», санаи 30 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2022 бо иштироки Раиси ноҳия, муовинони раис, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва рӯзноманигорон баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Бобоев М иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ Раиси ноҳия оид ба фаъолияти  ҷабҳаҳои мухталифи хоҳагии халқи ноҳия дар соли 2022 маълумоти муфассал дод.

Раиси ноҳия инчунин оид ба дастовардҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва иҷтимоиёти ноҳия дар соли 2022 маълумот дода, қайд намуд, ки фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар асоси Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати милллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри  ривоҷу равнақ ва инкишофи соҳаҳои мухталифи  хоҷагии халқ ба роҳ монда шудааст.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаҳои фаъолият  дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2022 маълумот гирифта, ҳамчунин оид ба фаъолияти минбаъда мубодилаи афкор намуданд. Рӯзноманигорон бештар ба вазъи имрӯзаи корҳо дар самти бунёдкориву созандагӣ, беҳдошти муҳити зист, зиндагии мардум, вазъи таъмини оби нӯшокӣ, таъминот бо оби полезӣ, ҳунаромӯзӣ, ташкили шабакаи телевизиони маҳаллӣ мароқ зоҳир намуда, аз тарафи Раиси ноҳия маълумотҳои заруриро дастрас намуданд.

Ҳамчунин оид ба корҳои омодагӣ ба истиқболи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ибрози андеша намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Зарбдор» Иброҳимов А., кормандони  масъули рӯзномаи ноҳиявӣ Қаюмова М., мухбири ҷамоатчии рӯзномаи вилоятии «Согдийская Правда», Рустамов З. ва мухбири ҷамоатчии рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» Шарифзода Т. иштирок намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоназаров Ш.                    Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия