ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ХУДОДОД БАРОИ МИЛЛАТИ МО АСТ

Шукри Худованди мутаъол, ки имрӯз ватани  азиз ва биҳиштосоям Точикистон, бо рохбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, соҳиби хиради худодод Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯз то рӯз ободу зебо гардида мардумаш дар фазои озоду ором зиндагӣ карда истодаанд.  Пайравони дини мубини ислом озодона тоату ибодат ва тавбаю надомати худро дар 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии кишвар ба ҷой оварда истодаанд. Бо дастури Пешвои миллат зиёда аз 200 ҳазор адад китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда ройгон дастрасӣ сокинон карда шуд. Дар як муддати кутоҳ ҳудуди 200 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардиданд. Имрӯз Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ҷавон ғамхориҳои зиёде намуда беш аз 3 ҳазор нафар шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар машғули таълими динӣ буданд ва ояндаи фоҷеабор доштанд ба ватан баргардонида шуданд. Пешвои миллат 4 маротиба хонаи Худоро зиёрат намуда, 2 маротиба ба ворид гардидан ба дохили хонаи Худо мушарраф гардиданд.

Аммо ин неъматҳои худодод душманони миллатро ором нагузошта истодааст. Бахусус собиқ раиси ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, қалби нопоки худро имрӯз ошкор намуда мехоҳад боз оромии сокинони кишвари биҳиштии моро халалдор кунад. Ҳоло у ҳамчун беватан, дар ба дари хоҷагони хориҷиаш гашта чун талбандаҳо умр ба сар бурда истодааст. Хизмати хирсонаи ҳамон хоҷагони хориҷӣ буд, ки солҳои 90-ум сокинони кишвар ба хуну хок оғушта гардида буданд. Оё ҳамон фоҷеаҳо ба Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дарси ибрат нашуд.

Ҷаноби Кабирӣ беҳуда сарсону саргардон шуда ғуломи ҳалқабардуши хоҷагони хориҷӣ нашав, аз паи зиндагиат шав. Ҳеҷ гоҳ сокинони кишвар он хиёнатҳое, ки нисбат ба давлату миллат, нисбат ба ватану модар кардӣ намебахшад. Имрӯз ва оянда дар назди давлату миллати худ ҳамчун хиёнаткор, хоини ватан, ватанфӯруш боқи мемонӣ.  Мо аз ин гуна ашхос ҳазар мекунем.

Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон ва фаъолияти барчастаи у роҳ ба суи оядаи нек дорад. Суханронӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи мамлакат, ки санаи 12.05.2018 сол дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид, аз ҷониби кулли сокинони кишвар хуб пазируфта шуд.  Имрӯз мардуми Тоҷикистон шукрона аз соҳибистиклолии Ватан намуда фаризахои дини мубини исломро дар ҳамаи масҷидҳое, ки дарашон ба рӯи онхо боз аст ба ҷо меоранд. Аммо роҳе, ки душманони миллат аз ҷумла ташкилоти экстремисти террориристии ҲНИТ интихоб кардааст рохе мебошад, ки  падарро бо писар, бародарро бо бародар душман мекунад. Зеро, ки сиёсате, ки онхо таблиғ мекунанд сиёсати зуроварист, ифротгароист, ки дини мубини ислом онро маҳкум мекунад. Шайтон бо чашми инсон ва тафаккури у хакикатро чун зулмот ва зулмотро чун ҳақикат ҷилва медихад.

Худоё шукрона ба даргоҳат, ки аз зулмот ба суи равшани маро ҳидоят кардӣ ва бародарони маро низ хидоят бикун, мамлакати биҳиштосоямро боз зеботар гардон ба Пешвои муаззами миллат баракоти умр обруву эътибори чаҳониро арзонӣ бигардон.

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии МИҲД ноҳияи Зафаробод