Дар арафаи Иди фирӯзи Ғалаба мехоҳам таассуротҳои худро аз чорабинии муҳиме ифшо намоям. Соли 2019 дар арафаи 75-солагии ҷашни Ғалабаи мардуми Шӯравӣ дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941-1945 бар фашизми Германия дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашн санаҳои 29 ноябр-1 декабри соли 2019 дар пойтахти Федератсияи Русия шаҳри қаҳрамони Маскав чорабинӣ таҳти унвони «Базми ғолибон» баргузор гардид, ки дар он намояндагон –ветеранҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ, ақибгоҳи солҳои ҷанг ва меҳмонон аз аксар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумла Украина, Белоруссия, Молдова, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, ҷумҳуриҳои назди Балтика – Литва, Латвия, Эстония иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 8 нафар: иштирокчиёни ақибгоҳи солҳои ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Маматқул Холбекови 93 сола аз ноҳияи Зафаробод, Норқул Шерқӯзиеви 91 сола аз ноҳияи Шаҳристон, Заҳриддин Рустамов –раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Зафаробод, Инъомҷон Тӯраев –раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Спитамен, кормандони Шӯроҳои собиқадорони шаҳри Душанбе Саттор Ҷалилов (шаҳри Душанбе), Иномҷон Аъзамов (шаҳри Ҳисор), Ҳикматулло Султонов (шаҳри Леваканд) ва собиқадори соҳаи геологияи мамлакат Аюбҷон Орифов намояндагӣ карданд.

Чорабинии асосӣ санаи 30 ноябр дар музейи Ғалаба воқеъ дар мавзеи «Поклонная Гора» («Баландии эҳтиром)-и шаҳри қаҳрамони Москва дар рӯзи Шарафи ҷангӣ ва 78-солагии Ғалаба дар муҳорибаи назди Москва баргузор гардид. Намояндагон аз экспонатҳо ва лаҳазоти ин ҷанги хонумонсӯзи башарият дидан карданд, бо ҳам вохӯрию мулоқотҳо ороста, аксҳои хотиравӣ бардоштанд. Хулосаи аҳли ҷамъомад яке буд: мустаҳкам доштани сулҳу салоҳ дар ҷаҳон, тақвият бахшидани дӯстӣ ва ҳамгироии халқҳо баҳри зиндагии осоишта.

Дар ҷамъомад санъаткорони босалиқаи Федератсияи Русия, бахусус Ҳунарманди мардумии ин кишвар Лев Лещенко, ки якчанд суруд, аз ҷумла суруди машҳури худ «День Победы»-ро бо авҷи баланд сароид ва ба он кулли иштирокдорон пайравӣ карданд, хеле хотирмон буд.

Мо, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон сареҳан ва пайваста эҳсос мекардем, ки фиристодагони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нисбати мо тоҷикон, Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли тоҷикистониён то чӣ андоза меҳру муҳаббати самимӣ ва илтифоти бузург доранд.

Тамоми иштирокдорон, ки аксарият 90-100 сола буданд, ба ҳам хеле меҳрубону хайрхоҳ ва самимӣ буданд.

Он рӯзҳои башумор намояндагони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз Майдони Сурх ва дигар мавзеъҳои таърихии шаҳри Маскав дидан намуда, бо таассуроти нек ба Ватани азиз баргаштанд. Баҳри чунин дастгирӣ ва ғамхориҳо ветеранҳо ба Раёсатҳои Шӯрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд изҳори сипос менамоянд.

Суратҳои дар навор буда, маҳсули он рӯзҳоянд.

Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

Заҳриддин Рустамов –рӯзноманигор, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Зафаробод