Санаи 3-апрели соли 2021 тахти сарварии раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ як гурӯҳ сокинони ноҳияи Зафаробод дар ҳайати собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кишоварзон, соҳибкорон, табибон, омӯзгорон, вакилони халқ, аъзоёни ҲХДТ ва намояндагони касбу кори гуногун чиҳати боздид аз раванди корҳои ободонӣ ва мулоқот бо сокинони сарбаланди Ворухзамин ба ин минтақаи биҳиштосои Тоҷикистон омаданд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба хотири таҷлили шукӯҳманди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома ёфта, аз ҷониби сохтмончиён ва сокинони бунёдкори ин диёр биноҳои муассисаи таълимӣ, қасри фарҳанг, маҷмааи варзишӣ, майдони парчам ва даҳҳо иншооти муҳим бунёд ёфта, роҳҳо обод мешаванд. Дар хоҷагиҳо корҳои кишоварзӣ хуб ба роҳ монда шуда, боғҳои нав бунёд мегарданд. Сокинон руҳияи идона доранд.

Намояндагони ноҳияи зафарманди Зафаробод аз ҳар як иншоот ва раванди муваффақонаи корҳои ободонӣ шинос шуда, бо сокинони ватандӯст ва бонанги Ворухи бостон мулоқоти хотирмон анҷом доданд.

Дар сӯҳбатҳо қайд гардид , ки Ворух сарзамини аҷдодии тоҷикон маҳсуб ёфта, дорои таърихи қадим ва бо фарзандони далеру барӯмандаш ифтихори Тоҷикистон мебошад.

Гурӯҳи намояндагии ноҳияи Зафаробод аз номи тамоми мардуми заҳматқарини ноҳия ворухиёнро таъкид доштанд, ки зафарободиён ҳамеша дар паҳлӯи онҳоянд ва медонанд, ки Ворух пораи хоки Ватан ва гӯшаи ҷудонопазири Тоҷикистон мебошад.