mt3.org

 

 

Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, Сарнозири шуъбаи муқовимат бо карупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо карупсия дар вилояти Суғд подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол, прокурори ноҳия Мадохирзода Шавкат мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва  раисони маҳаллаҳои аҳолинишин иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суханронӣ намуд.

Сипас Сарнозири шуъбаи муқовимат бо карупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо карупсия дар вилояти Суғд подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва  рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, ки аз 7-уми августи соли 2020 таҳти №1714 тасдиқ шудааст суханронӣ намуд.

Прокурори ноҳия Мадохирзода Шавкат оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2021 таҳти №113 тасдиқ шудаст баромад намуд.

Сокинони ноҳия дар имрӯза мулоқот оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,  рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” маълумоти пурра гирифтанд.

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд