Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмулан маҷмуаи дидгоҳҳои ҷорӣ ва дурбурдии роҳбари давлат дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайра ифода ёфтанд. Он ҳамчун муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ ва дар айни замон, усулию самтмуайянкунандаи роҳбари давлат маъмулан бо тартибу ташрифоти махсус дар назди мардум ё намояндагони мардумӣироа шуда, талабот ё рўйдоди муҳиммии давлатию сиёсӣба ҳисоб меравад. Паёми роҳбари ҳар давлат, пеш аз ҳама моҳияти маълумотию ҳисоботӣ дорад. Ба воситаи Паём роҳбари давлат дар бораи вазъияти ҷории кишвар ва фаъолияти худ ва ҳамкоронаш дар марҳилаи муайян маълумоту ҳисобот дода, бурду бохти давлат ва худро назди ҷомеа ба миён мегузорад. Давраи ҳисоботии Паём метавонад сол ё марҳилаи муайяни рушд ё таърихро дар бар гирад ва чунин бахши ҳисоботӣ дар шакли ҷудогона ва ё зимни таҳлилу баррасии саҳаҳои алоҳидаи ҳаёти кишвар дар ҳамаи Паёмҳои солонаи роҳбари давлат дида мешаванд.

Ҳособотдиҳандагии солонаи роҳбари кишвар дар назди мардум (ба воситаи Паём дар ҳузури намояндагони мардум) яке аз нишонаҳои муҳимтарини низоми мардумсолорист, ки ба ин восита роҳбарияти ҳар кишвар фаъолияти худро ба доварии мурдум мегузорад. Бинобар ин, барои ироаи чунин паёми ҳисоботӣ роҳбари давлат ва командаи ҳамкоронаш моҳҳо омодагӣмебинанд, то аз ин ҳисобот бо муваффақият бароянд. Дар ин раванди мураккабу тўлонӣ ҳар хулосаву тезис, ҳар рақаму натиҷа, ҳар вазифаю пешниҳод ва ҳатто ҳар калимаю ибора ба таври ҷиддӣ санҷидаву суфта мешаванд.

Дар кишвари ҳамасола ироа шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аломатҳо ва атрибутҳои асосии истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷикро пеши назар орем, худи ҳодисаи имрўз мустақилона Паём додан, яъне мустақилона муайян кардани сарнавишти худ, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагони мо дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Ин ҷанбаи паём ҳамчун акти давлатӣва набзи давлатдорӣ бисёр муҳим мебошад.

Аз ин назар низ ташрифоти махсуси давлатӣ доштани марсими ироаи Паём, ҷалби намояндагони фаъоли ҷомеа дар маросими шунидани он ва як навъ ҳолати идонаву тантанавӣ гирифтани худи ин рўйдод маҳз аз назари ба маънои рамз ё тантанаи истиқлолияти давлатӣ фаҳмида шудани он муҳим мебошад. Ба ин маъно, ҳар Паёми солонаи роҳбари давлат як таъкид ба худсолории миллӣ ва як ҷашни истиқлолият аст. Ин ҷо низ, новобаста аз мазмуни Паём, ки метавонад ҳолат ё сиёсати хоссеро дар замони муайян ифода кунад, аҳаммияти сиёсӣ ва рамзии он ҳамчун аломати истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад.

 

Омӯзгори Коллеҷи омӯзгории н.Зафаробод     Дилмурод Бердиев