Табибони  муҳтарам!

Ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро бо иди касбӣ - Рӯзи шифобахшону ҳомиёни саломатии инсон табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ барори кор ва саодати зиндагиро таманно менамоям!

Воқеан дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошта, давоми садсолаҳо аҷдодони донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва даҳҳо нафарони дигар ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.

Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ чунин қайд намуданд, ки «Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад» ва саломатии миллатро боигарии давлат номида, пайваста ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Алҳол дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 653 нафар кормандони тиб фаъолият менамоянд ва таъминоти аҳолӣ ба кормандони соҳаи тиб 87 фоизро ташкил медиҳад.

Соли равон барои духтурони  ноҳия, чун саросари олам, давраи  душвори санҷиши малака ва маҳорати касбӣ ба ҳисоб рафта, дар мубориза бо бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 бори дигар нишон дод, ки табибон ҳамеша дар фикри саломатии мардум буда  баҳри баланд бардоштани  сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии сокинон аз бемориҳои сироятӣ  тамоми донишу малака ва неруъи худро равона месозанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон корнамоиҳои имрӯзаи табибони кишварро ба қаҳрамониҳои замон баробар дониста Шуморо наҷотбахшони миллат номиданд. Дар ҳақиқат фидокориҳое, ки Шумо табибон  бо дастони мӯъҷизакор, ақли гиро, сухани нек кардед, шоистаи таҳсин буда, ба мардум саломатӣ ва умри дубора бахшид.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати солимии аҳолӣ ва додани тавсияҳо оид ба пешгирии  бемориҳои сироятӣ ва даъвати сокинон ба риояи қоидаҳои беҳдошти тарзи ҳаёти солим дар ноҳия 56 адад гуруҳҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ аз ҳисоби кормандони соҳаи тиб, фаъолону омӯзгорон таъсис дода шуда буд, ки дар ин давраи ҳассос бо мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда дар пешгирии бемориҳои сироятӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

Маврид ба зикр аст ки соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус як зумра маводҳои доруворӣ ва хӯрока ба табибони ноҳия дода шуд, ки аз татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи тандурустӣ шаҳодат медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ бо мақсади пайваста таъмин  намудани  шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия бо маводҳои доруворӣ, хӯрока, маводҳои безараргардониву муҳофизатӣ ва  гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди ноҳия то ба ин рӯз аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо намуд. Ҳамзамон дар ин давраи душор сокинони саховатпешаи ноҳия низ бетараф набуда бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ зиёда аз 318 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои гуногун расонида шуд.

Бояд зикр намоям, ки баробари пешравиҳо дар соҳаи тандурустӣ муаммоҳое низ вуҷуд доранд, ки баҳри бартараф намудани он аз ҳамаи мову шумо масъулияти дучандро тақозо менамояд. Аз ҷумла нарасидани мутахассисони соҳа имрӯз масъулинро набояд ором гузорад.

Ҷомеа аз Шумо табибони ҳозиқ умед ва боварии калон дорад зеро шумо бо ҳаёти инсон сару кор дошта дар чунин давраи ҳассос наҷотбахши мардум ҳастед.

Итминони комил дорам, ки табибони ноҳия минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ ва муносибати некбинона бобати баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим шоиста хизмат мекунанд. Дар ин рӯзҳои фараҳ ба ҳамаи кормандони соҳа - Синопешагони ноҳия рӯзгори обод ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак табибони азиз!