Санаи 14 августи соли 2020 вобаста ба дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар партави баргузор намудани аксияи “Нури маърифат” бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутриба ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Назирҷон Муллоев ба як гурӯҳ хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳия лавозимоти хониш тақдим карда шуд. Зимни сӯҳбат бо хонандагон ва волидайн гуфта шуд, ки кӯмаку дастгирии қишри гуногуни ҷомеа яке аз ҳадафҳои ҲХДТ дар самти расидан ба зиндагии шоиста маҳсуб меёбад. Толибилмон бо изҳори миннатдорӣ қайд намуданд , ки бо дониши аъло хонда барои ин ватани азизу маҳбуб хизмат хоҳанд кард.