mt3.org

 

 

«Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷидди буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст»

Эмомалӣ Раҳмон.

Яке аз муаммоҳои глобалии ҷаҳонӣ ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аст, ки аз нимаи дуюми асри XX оғоз карда мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Тадбирҳои муҳими омӯзиши ин муаммо водор месозад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад.

Яке аз самтҳои асосии тадбирҳо ин пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон мебошад, зеро ба ҳисоби миёна 80% иштирокчиёни гурўҳҳои самти ифротгароидоштаро шахсони синнашон то 30 сола ташкил медиҳад. Экстремизм аз воҷаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои яксамта ва тундравӣ аст. Ин зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъикос ёбад.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм:

-сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ,идеологӣ;

-хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;

-пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;

-ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;

оҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;

-дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;

Симои экстремист-ифротгаро

Имрўз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегўянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам аст.

Мақсадҳои асосии ифротгароён

-ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии давлат;

-зарар расонидан ба амнияти давлат;

-ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;

-ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

-амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

-ангезонидани муноқишаҳои наҷодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зўроварӣ ё даъват ба зўроварӣ алоқаманд аст;

Ҷиҳатҳои хоси экстремист

-надоштани саводи комили динӣ ва таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ;

-зоҳирӣ фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ;

-эътирофи танҳо фаҳмиши худ;

-ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад;

-маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон.

-ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад;

-нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегўяд ва мубориза мебарад;

-дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро зуд ба унвонҳои «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил» ва «кофир» маҳкум менамояд;

Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ

«Ҳизби таҳрири исломӣ» ва «ДИИШ» ба таври расмӣ назарияи бунёди «хилофати ягонаи исломӣ»-ро тарғиб менамоянд.

Баъзе кудратҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ кардаанд. Ин кудратҳо мақсадашон ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст даровардани ҳокимияти сиёсии онҳо ва соҳибӣ кардани сарватҳои табии онҳо мебошад. Ифротгароии динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ буда, ба истиқлолияти кишварҳои мусулмонӣ таҳдид мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ки таҳти 69 аз 8 декабри соли 2003 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, аз нигоҳи мазмун хатари ифротгароиро кушода дода, давлат ва ҷомеаро барои мубориза бо ин падида омода менамояд. Вазифаи ташкили ҳамаи қувваҳои ҷомеа ва давлат бобати муқовимат бо фаъолияти ифротгарои талаб менамояд, ки субъекти дар ин муқовимат махсусгардонидашуда таъсис дода шавад. Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи ҷомеа низ зарур аст. Барои он, ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд мо ҷавонон эҳсоси ватандўстӣ, донишандўзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар дил дошта бошем.

Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Зулфиқорзода Заррина


 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд