mt3.org

 

Баъди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, Ҳукумати ҷумҳурӣ мавқеи занро дар ҷомеа ҳамчун як масъалаи ниҳоят муҳим ва ҳалталаб арзёбӣ намуд. Ба хотири баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, ба роҳ мондани баробарҳуқуқии марду зан як қатор чораҳои мушаххас андешида шуд ва барои ширкат варзидан дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар шароит фароҳам омад.

Дар ноҳияи Зафаробод низ чанд соли охир таваҷҷуҳ, муносибат ва фикру андеша нисбат ба зан ранги тоза гирифт. Эътироф гашт, ки зан як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа буда, бо зеҳну хиради созандаи хеш қодир аст дар ривоҷу равнақ, пешбурд ва густариши паҳлуҳои мухталифи ҳаёт хизмати гаронмояро ба ҷо биёрад.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия занон мавқеи худро пайдо карда, дар вазифаҳои гуногун софдилона меҳнат мекунанд. Ва як чиз мусаллам аст, дар ҳар ҷое, ки зан кор мекунад, он ҷо тартибу низом ҳукумфармо буда пешравӣ дида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки шумораи умумии аҳолии ноҳия 75483 нафар буда, аз ин 38452 нафар ё ин ки 51%-и аҳолии ноҳияро занон ташкил медиҳанд ва 18989 нафар занон дар ноҳия қобили меҳнат мебошанд. Ҳамзамон шумораи занони роҳбарикунанда дар ноҳия сол аз сол зиёд гардида, дар ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатӣ 479 нафар мебошанд нисбат ба соли 2019-ум 44 нафар зиёд гардидааст. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои гендерии занон ҳамасола шумораи вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия зиёд гардида, аз 3 нафари соли 2015 дар интихоботи 1 марти соли 2020-ум 8 нафар занони фаъол Абдуллозода З.-муовини Раиси ноҳия, Эргашева М.-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, Абдущаниева Х.-мудири кӯдакистони «Парасту», Кенҷаева Ш.-соҳибкор, Маҳмудова Н.-мушовири шӯбаи маориф, Ҷумаева Г.-мудири кӯдакистони «Офтобак», Абдурахмонова М.- директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, Баротова Б.- сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Ҳ.Алиев вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардиданд, ки нисбати соли 2015-ум 26% зиёд мебошад ва имрӯз 20%-и вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро занон ташкил медиҳанд. Инчунин Ниёзқулова Д.-мудири шӯбаи маориф, Тоирова Н.-мудири бахши фарҳанг, Абдуллозода Р.-мудири бахши сабти асноди холатҳои шаҳрвандии ноҳия, Худоёрова Г.-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, Салихова М.-ҳамшераи шавқат, Арипова М.-котиби Ҷамоати деҳоти А.Ҷомӣ, Мамурова М.-корманди ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод вакилони Маҷлишҳои шаҳраку деҳот интихоб кардиданд. Ин нафарон ва боз чандин дигар занони фаъол бо заҳмати шоисташон дар дастовардҳои ноҳия ҳисса мегузаронад.

Нисфи аҳолии ноҳияро занону духтарон ташкил мекунанд. Занони фаъол ва кордони мо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла маориф 578 нафар ё ин ки 57,3%, тандурустӣ 479 нафар 71,7%, фарҳанг 62 нафар 56,3%-и кормандони соҳаҳои мазкурро занон ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия 1 нафар зан ҳамчун номзади илм, 7 нафар дорандагони медали “Хизмати шоиста”, 23 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурӣ мебошанд. Дар давоми 10-соли охир зиёда аз 90 нафар ҷавондухтарони ноҳия тибқи квотаи Президенти таҳсил карда, имрӯз дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кору фаъолият намуда истодаанд. Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки имрӯз занон дар ноҳия неруи фаъол ва пешбарандаи ҷамъият мебошанд.

Аслиддинова Мадина – мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд