mt3.org

Мубориза бар зидди терроризм ва ифродгароӣ, тамоман решакан кардани он фақат вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва амният набуда, балки вазифаи ҳар як шахси инсондӯст ҳисобида мешавад.
Ифродгароён дар байни халқ, хусусан ҷавонон,ҳар гуна иғвою тарғиботҳо ва амалҳои тундравонаро паҳн менамоянд ва ҳаракат мекунанд, ки бештар ҷавононро ба ин амали хафнок ҷалб намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти гурӯҳҳои «Салафия» (8.01.2009), «Ҳизб-ут-таҳрир» (19.04.2011), ҲНИТ (29.09.2015) бисёр ҳам муҳим ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон аз минбарҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ сухан ронда қайд карданд: «Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад, балки ӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ мерасонад».

Вобаста ба ин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ вазифаи аввалиндариҷаи ҳар як шахс ва хусусан омӯзгорон мебошад.    Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мунтазам ба хонандагон, насли наврас фаҳмонидани мафҳуми терроризм ва ифродгароӣ вазифаи ҳар як педагог ба ҳисоб меравад. Ба ин саволҳо ҷавоб додан ҷоист: Мақсади террористон аз чии борат аст? роҳбаронашон киҳо ҳастанд?, аз кадом манбаъ маблағгузорӣ карда мешаванд? бо кадом мақсад дар байни мардум тарсу ҳаросро пайдо мекунанд?    Мо бояд бо факту далелҳои аниқ бо воситаи дастгоҳҳои видеоӣ харобаҳои давлатҳои Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон ва дигар давлатҳоро нишон доданро муҳим мешуморем.
Оиди ин масъала дар ҳар як муассисаҳои таълимӣ ташкил кардан ва гузаронидани чорабиниҳои зеринро зарур мешуморам:
-дар ҳамаи синфҳои болоӣ дар мавзӯҳои «Муқовимат бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез» «Оқибати кори террористон» ва ғайраҳо соатҳои тарбиявӣ гузаронидан;
-гузаронидани шабҳои саволу ҷавоб;
-гузаронидани иншо бо хонандагони синфҳои 9,10,11 оиди терроризм, ифродгароӣ, хавфи маводҳои мухаддир ва ғайра;
-ташкил кардани семинару конфронсҳо дар байни хонандагони синфҳои 8,9,10,11;
-ташкил кардани озмунҳои «Китобхонаи беҳтарин»;
-ташкил кардан ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ;
-ҷоннок гардонидани фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ.
Боварӣ дорам, ки чорабиниҳои дар боло зикр гардида амалӣ гардад, хонандагон ба ин гунна амалҳои номатлуб даст намезананд.

омузгори МТМУ№7 -и нохияи Зафаробод  Сангинов Х.

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд