mt3.org

Ҳамдиёрони азиз!

Дар таърихномаи ҳар як миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳад ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи хотирмон барои миллати тоҷик Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.

Аз ин санаи муборак, ки барои расидан ба зиндагии шоистаи сокинони кишварамон нақши муҳимро мебозад 23 сол пур мешавад.

Воқеан 27 июни соли 1997 рӯзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли ҳуҷаста, Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави таърих қадам ниҳод.

Ин санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ дар қалбҳои мардуми мо маскан гирифта, ба рӯйдоди азизу гиромӣ табдил ёфт.

Дар пойдор намудани ваҳдати комил, ба ҳам овардани халқи тоҷик ва дар бунёди давлати тозабунёди тоҷикон заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал истода, корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дарси мардонагӣ ва қаҳрамониро таҷассум менамояд.

Дар ҳақиқат Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.

Албатта ғояҳои ваҳдат барои мардуми Тоҷикистон баландтар аз ҳама аст, ки роҳ ёфтани он ба дили ҳамагон бидуни ғамхории доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти моддию маишӣ ғайриимкон буд.

Зиндагии хурраму осоишта, рушди босубот дар ҳама самтҳои ҳаёти сокинони мамлакат, шароити арзанда барои таҳсил ва касбомӯзии наврасону ҷавонон дар баробари ин ба роҳ мондани сохтмон ва ба истифодадиҳии иншоотҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ва хизматрасонӣ аз дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳанд.

Албатта дар ин давра сокинони зафарманди ноҳияи Зафаробод низ бо шарофати Истиқлолу Ваҳдат ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ноил гардиданд. Самтҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия бо мароми арзанда рушд намуд. Вусъат ёфтани корҳои ободонӣ, фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ маҳз бо сулҳу ваҳдат ва субботи сиёсӣ ба даст омад. Ҳар як сокини ноҳияи Зафаробод бо эҳсоси баланди худшиносӣ дарк намудааст, ки Суҳлу Ваҳдат, Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва гаронарзиш мебошад.

Аз ин лиҳоз вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бо нангу номуси ноҳия аст, ки сулҳу суббот ва Ваҳдати миллии ба қиммати ниҳоят гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Инчунин вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба насли ҷавон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, ба чӣ мушкилот ва бо чӣ гуна қурбониҳои зиёд ба даст омадааст.

Мо роҳи худро ба сӯи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ идома бахшида, ба хотири рушди минбаъдаи кишвари азизамон қадамҳои устувор гузошта, истодаем. Чунки дар қатори сокинони Тоҷикистони маҳбуб мо мардуми ноҳияи Зафаробод низ дорои тафаккури баланди сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ ва нерӯи созандаро соҳиб мебошем.

Озодӣ, дӯстиву бунёдкорӣ ва созандагӣ, фарҳанги миллӣ ва рукнҳои арзишманди ниёгони мо мебошад. Эҳтироми ҳамин рукнҳои миллии гузаштагон буд, ки мо ба ваҳдати миллӣ расидем ва ин иродаи шикастнопазири мо минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Бисту се соли Ваҳдати миллӣ, ки ҳар соли он бо руйдодҳои муҳим ҷамъбаст гардидааст, моро ба бунёдкориҳо, бо ваҳдатгароӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят карда, масъулияти моро дар бунёди Тоҷикистони азиз баҳри татбиқи ҳадафҳои олӣ таҳти раҳнамоии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзун менамояд.

Мароми арзишманди Ваҳдат бақои миллат ва рушди давлат маҳсуб гардида, ин мароми миллӣ кишвари азизамонро ба яке аз давлатҳои муттараққии олам табдил хоҳад дод.

Дар роҳи амалӣ сохтани ин мақсадҳои наҷиб ба ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз саломатӣ, барори кор, хушбахтӣ ва саодат мехоҳам.

Бори дигар ҳамаи шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахси шумо ҳар як сокини меҳнатқарини ноҳияро ба муносибати бисту сеюмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод менамоям.

Бигзор хуршеди Сулҳу Ваҳдат абадан рӯзгори моро мунаввар бисозад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд