mt3.org

Яке аз санаҳои бузурги  таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.


 

Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ баргузор гардид, ки замимаи асосии давлатдории миллӣ ҳисобида мешавад. Ҳамин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ садҳо ҷавонони ватандӯст ба баҳри ҳифзи марзу буми кишвар сафарбар гардида, бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуиии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Артиши миллӣ  ва мустаҳкам намудани пояндадории давлат  чораҳои мушаххас андешиданд.

Сарвари давлат баҳри таъмини амнияти шахсӣ ва ёрии моддӣ имтиёзҳои имконпазирро кафолат доданд ва бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бортаъсид намудаанд: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи онро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». Арзишҳои сиёсӣ, маданӣ ва давлатдории миллӣ натиҷаи ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд масири сохтмони давлати миллиро дар марҳалаи нави таърихӣ таъйин кардааст.

Аз он бармеояд, ки воқеан Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раҳбари давлат тавонист дар як муддати кӯтоҳ беш аз як миллион нафар гурезаро ба Ватан баргардонида, садҳо манзили вайрону харобгашта, мактабу биноҳои маъмурӣ, пулҳо ва иншооти дигари осебдидаро бо азму талоши мардуми созандаву ободкор таъмир ва барқарор намояд.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир буда, он ҳамчин рӯйдоди муҳимми таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад ва барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад. Дар Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз тағйироти хеле муҳиме, ки дар ҳамон давра ба миён омад, ин  ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар  ҷараёни иҷлосия қабул карда шуд.

Маҷидзода Р.М., н.и.ф.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд