mt3.org

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузургу бебаҳои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо шарофати ин неъмати бебаҳо мардуми кишвар ба марҳилаи нави зиндагӣ—марҳилаи созандагию бунёдкорӣ қадам гузошт. Бояд қайд намуд, ки ин дастоварди бузург бо сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони кишвар хеле ва хеле боло рафт. Имрӯз мардуми кишварро мебояд, ки шукронаи истиқлолият, шукронаи давлату миллат намуда дар раванди ободкориву созандагии ин Ватани азиз саҳмгузор бошанд.

Бояд қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат дар баромадҳои худ мунтазам таъкид менамоянд, ки имрӯз мо худамон Ватанро обод месозем. Яъне обод намудани Ватан аз хона, кӯча, маҳалла оғоз мегардад.

Пайваста бо ҳидоятҳои ободкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат сокинони ноҳияи Зафаробод низ ободкориро пеша намуда то ба имрӯз якчанд корҳои назаррасро ба сомон расониданд. Корҳои ободони дар ноҳия ҳусни тоза гирифта, мардум кушиш намуда истодаанд, ки дар ин раванд саҳмгузор бошанд.

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ва дастгирии соҳибкорону сазоватмандон беморхонаи бачагона ва берморхонаи касалиҳои руҳии ноҳия ки солҳои тӯлони боз таъмир нашуда буд аз таъмири кулл бароварда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Инчунин Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, ки солҳои 1966 сохта шуда то ба ин дам таъмир нашуда буд бо дастгирии мардони саховатманди диёр таъмир шуда истодааст.


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мардум ба ободкори машғул буда кушиш намуда истодаанд, ки ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд