mt3.org

Мавриди зикр аст, филми мазкур боз як далели амиқ оид ба фаъолияти хоинонаву ғайриинсононаи Кабирӣ ва ҳизби террористии у буда, пас аз тамошояш бори дигар шоҳиди он гардидем, ки ин бадхоҳони миллат бо мақсади ба даст овардани молу сарват чи рафтору кирдорҳои разилонаро тибқи нақшаҳои нопоки хеш амалӣ кардаанд, ки дар натиҷа чандҳо аз сокинони кишвар ҷони хешу фарзандони худро додаанд. Танҳо дар ин ҷанги шаҳрвандӣ, ки бар сари миллати тоҷик омада буд,  бародар бародари хешро кушт, тифли норасида аз пистони модари мурдаи хеш шир мехурд, модари тоҷик бо се фарзандаш фирор карду бо як фарзандаш баргашт, ҷавонмардону падарон ҷони хешро аз даст доданд, мардум ба як бурда нон зор буданду, аз баҳри нон соатҳо интизорӣ мекашиданд ва ин рӯзҳои сангинро мардуми кишвар  хуб дарк намудаему медонанд ва ҳеҷгоҳ фаромуш намесозанд. Имрӯз ин хоини миллат Кабирӣ бо ташкилоти террористии хеш «Паӣвоми миллӣ», ки дар асл «Паӣмони хоинон» аст, боз мехоҳад мардумро гумроҳ намуда,  он рӯзҳои даҳшатворро ба сари мардум орад аммо хато мекунад. Зеро имрӯз тамоми мардуми кишвар, пиру ҷавон медонанд, ки ин Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва имрӯз ҳифз намудани  ин неъматҳои бузург қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Ин филм барои мо ҷавонон дарси ҳаёт мебошад, ки бо чи қадар душвориҳо ба ин рӯзҳот тинҷу ором расидаамонро бояд фаромӯш накунем ва барои ба ин рӯзҳо расидан ҷони чи қадар падарону модарон бародарону хоҳаронамон ва он ҳамватаноне, ки дур аз ватан мебошанд, бояд ба қадри ҷону меҳнати онҳо расем. Зеро ҳамаи ин тинҷиву осоиштагӣ ва сериву пуррии  кишвар танҳо барои сокинон ва бо мақсади ободиву осоиштагии ватани маҳбубамон мебошад. Мо ҷавононро мебояд, ки ба қадри миллату давлат  бирасем ва дар пайравии сиёсати ободокоронаву созандаи  Пешвои миллат саҳми арзандаи хешро дар рушди устувори кишвар бигзорем. Зеро ҳамаи талошу заҳматҳои Сарвари давлат бо мақсади таъмини шароити хуб  барои ҷавонон мебошад. Пешвои муаззами миллат пайваста дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки «Ҷавонон ояндаи давлатанд» ва бояд ба чунин боварию этиқод арзанда гардид.

Ҳамзамон бояд таъкид сохт, ки дар ин рӯзҳои ҳассоне, ки бештари гуруҳҳои ифротӣ мехоҳанд,  бо истифода аз  ҷавонони сустиродаю заиф миллату давлатро аз байн баранд зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша дар ҳимояи марзу буми кишвар бошем. Зеро ватан ин модари дуюми мост ва мо ҷавонон ҳамеша дар ҳифзу ҳимояи ватанем.

Филми мазкур барои мо ҷавонон дарси ибрат мебошад. Ҳар як фарди кишвар бояд барои он рӯзҳои хунин такрор нашуданаш, саъю кӯшиш кунад ва баҳри ободии ватани азизи хеш тамоми корҳои хубе, ки аз дасташ меояд, анҷом диҳад.


Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мирзозода Розиямоҳ

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд