mt3.org

Султонова Гулором яке аз ҷавонзанони зебову ҳунарманди маъюб буда, дар ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳия бо модари нафақахӯр ва хоҳараш зиндагонӣ менамояд. Вуҷуди Гулором тимсоли ибрат барои ҳар як мардуми шаҳрак мебошад. Зеро бо вуҷуди бархӯрд бо мушту лагадҳои бешафқати зиндагӣ руҳафтода нагашта, зиндагиро дӯст медорад, ҳаваси зистанро дорад. Дар ҷои нишастааш гуркориҳо намуда, ҳамаро ба ҳайрат мегузорад. Расму анъанаи аҷдодони худро зинда нигоҳ дошта, бо қуроқдӯзӣ машҳул мебошад. Дӯхтаҳои ӯ харидорони зиёд дорад. Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маҳсули меҳнати мӯшикофонаи худро дид. Маҳсули меҳнати дастии ӯ дар вилоят ба гирифтани ГРАНТИ Раиси вилоят сабаб шуд. Маблағи ба дастомадаашро барои инкишоф ва такмили ҳунари худ сарф намуда, айни ҳол ба духтарони маҳалла ин ҳунари миллиро омӯхта истодааст. Бо вуҷуди маъюбияш фоидаи худро ба мардум расонида истодааст. Мардуми шаҳрак низ ҳамеша ӯро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ кӯмак мерасонанд. Дар ҳар иду айём хабаргири ҳоли ӯ ҳастанд. Ин замони дар саросари кишварамон “Рӯзи маъюбон” қайд карда шуда истодааст. Аз ин рӯ мон низ барои худ зарур донистем аз ин зани маъюби ҳунарманд ёд кунем. Мардуми мо аз азал дастгиру ғамшарики ятимону маъюбон буданд. Мо идомадиҳандагони ин амали эшон ҳастем. Бояд онҳо ҳеҷ гоҳ худро номурод надонанд, зеро мо Пешвое дорем, ки ҳамеша ин гуна шахсонро дар мадди назари худ қарор додаанду ҳамеша дастгирияшон менамоянд.


РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд